https://sputnik.tj/20231002/gholib-avvali-musobiqa-pakhtachini-sughd-1059722163.html
Ғолибони 20-рӯзаи аввали мусобиқаи пахтачинӣ дар Суғд маълум шуданд
Ғолибони 20-рӯзаи аввали мусобиқаи пахтачинӣ дар Суғд маълум шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Нақшаи ҷамъоварии пахта дар вилояти Суғд дар соли равон зиёда аз 135 ҳазор тонна пахта муқаррар шудааст, ки то ҳол наздики 30%-и нақша иҷро гардидаст
2023-10-02T11:52+0500
2023-10-02T11:52+0500
2023-10-02T12:03+0500
дар тоҷикистон
пахта
ҷамъоварӣ
мусобиқа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/14/1059489633_0:34:1280:754_1920x0_80_0_0_871bd2ce66924308fde6f86cc7bf5024.jpg
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Ноҳияи Ашт ғолиби бистрӯзаи аввали пахтачинӣ эълон шуда, пахтакорони он бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд, иттилоъ дод дафтари матбуоти ҳукумати Суғд. Ба иттилои манбаъ, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода изҳор доштааст, ки бистрӯзаи аввали мавсими пахтачинӣ нишон дод, ки мусобиқа барои ба даст овардани пешсафӣ дар байни шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои пахтакор хеле пурҷӯшу хурӯш аст. Аз натиҷаи давраи аввали мавсими пахтачинӣ заркорони ноҳияҳои Ашт ва Бобоҷон Ғафуров, инчунин Ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи Ашт ғолибони мусобиқа дониста шуданд, омадааст дар иттилоия. Таъкид шудаст, ки дар ноҳияи Ашт соли ҷорӣ нақшаи истеҳсоли пахта беш аз 14,2 ҳазор тонна буда, аз аввали мавсим наздики 6,7 ҳазор тонна ё худ зиёда аз 47%-и нақша ҷамъоварӣ шудаст. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нақшаи истеҳсол 18,8 ҳазор тонна муқаррар шуда, 41%-и он иҷро шудааст. Ба иттилои мақомомти Суғд, дар назар аст, ки соли равон дар вилоят зиёда аз 135 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардид, ки то ҳол наздики 40 ҳазор тон ё худ 30%-и нақша иҷро гардидаст. 200 тонна пахта истеҳсол карда шавад. То имрўз ба хирмани Ватан 39 ҳазору 935,9 тонна дурри сафед рехта шуд, ки ба 29,5 фоизи нақша баробар мебошад.Раиси Суғд ба ҳашарчиёни боҳиммат, чун ҳарвақта ба деҳқонон дасти мадад дароз мекунанд, изҳори сипос намуд. Ҳамчунин ба раисони шаҳру ноҳияҳои пахтакор дастур дода шуд, ки барои тезонидани суръати чиниши пахта ва ҷамъоварии дигар зироатҳои кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
https://sputnik.tj/20230917/mansabdor-kishovarz-maydoni-pakhta-aks-1059440908.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/14/1059489633_82:0:1219:853_1920x0_80_0_0_7d7fe7e83b31487d48bf62300fd59796.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон, мусобиқа, пахтачинӣ, суғд, мусобиқа, нақша
эълон, мусобиқа, пахтачинӣ, суғд, мусобиқа, нақша
Ғолибони 20-рӯзаи аввали мусобиқаи пахтачинӣ дар Суғд маълум шуданд
11:52 02.10.2023 (Навсозишуда: 12:03 02.10.2023) Нақшаи ҷамъоварии пахта дар вилояти Суғд дар соли равон зиёда аз 135 ҳазор тонна пахта муқаррар шудааст, ки то ҳол наздики 30%-и нақша иҷро гардидаст
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Ноҳияи Ашт ғолиби бистрӯзаи аввали пахтачинӣ эълон шуда, пахтакорони он бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд, иттилоъ дод дафтари матбуоти ҳукумати Суғд.
Ба иттилои манбаъ, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода изҳор доштааст, ки бистрӯзаи аввали мавсими пахтачинӣ нишон дод, ки мусобиқа барои ба даст овардани пешсафӣ дар байни шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои пахтакор хеле пурҷӯшу хурӯш аст.
Аз натиҷаи давраи аввали мавсими пахтачинӣ заркорони ноҳияҳои Ашт ва Бобоҷон Ғафуров, инчунин Ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи Ашт ғолибони мусобиқа дониста шуданд, омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки дар ноҳияи Ашт соли ҷорӣ нақшаи истеҳсоли пахта беш аз 14,2 ҳазор тонна буда, аз аввали мавсим наздики 6,7 ҳазор тонна ё худ зиёда аз 47%-и нақша ҷамъоварӣ шудаст.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нақшаи истеҳсол 18,8 ҳазор тонна муқаррар шуда, 41%-и он иҷро шудааст.
Ба иттилои мақомомти Суғд, дар назар аст, ки соли равон дар вилоят зиёда аз 135 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардид, ки то ҳол наздики 40 ҳазор тон ё худ 30%-и нақша иҷро гардидаст.
200 тонна пахта истеҳсол карда шавад. То имрўз ба хирмани Ватан 39 ҳазору 935,9 тонна дурри сафед рехта шуд, ки ба 29,5 фоизи нақша баробар мебошад.
Раиси Суғд ба ҳашарчиёни боҳиммат, чун ҳарвақта ба деҳқонон дасти мадад дароз мекунанд, изҳори сипос намуд.
Ҳамчунин ба раисони шаҳру ноҳияҳои пахтакор дастур дода шуд, ки барои тезонидани суръати чиниши пахта ва ҷамъоварии дигар зироатҳои кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.