https://sputnik.tj/20231009/qurboniyon-zaminlarza-afghoniston-tojikiston-1059862502.html
Миёни қурбониёни заминларза дар Афғонистон тоҷикистониён низ ҳастанд? Посухи Душанбе
Миёни қурбониёни заминларза дар Афғонистон тоҷикистониён низ ҳастанд? Посухи Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон паёмадҳои силсилаи заминҷунбиҳои харобиовар дар музофоти Ҳироти Афғонистонро пайгирӣ дорад, ки ҳазорҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт
2023-10-09T14:44+0500
2023-10-09T14:44+0500
2023-10-09T14:44+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
заминларза
ҳирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043035594_0:183:2995:1867_1920x0_80_0_0_36b91f5ad89463d3264b31147274b03e.jpg
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Миёни кушташудаҳо ва осебдидаҳои заминларзаҳо дар музофоти Ҳироти Афғонистон шаҳрвандони Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд. Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод. Тавре аз ин ниҳод ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, паёмадҳои зилзиларо пайгирӣ доранд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба пайвандони кушташудагон тасаллият баён намуда, ба осебдидагони ин офати табиӣ шифои комил таманно кард. Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 7 октябр Ҳироти Афғонистонро якбора силсилаи заминҷунбиҳои қавӣ такон дод, ки дар натиҷа беш аз 2 ҳазор нафар қурбон шуда, даҳҳо ҳазор тани дигар бехонаву дар монданд, мегӯянд мақомоти маҳаллӣ. Ҳамчунин шумораи зиёди одамон бенишон шуданд, ки ҳоло ҷустуҷӯи онҳо идома дорад.Тибқи маълумоти Маркази зилзиласанҷии Аврупо ва Баҳри Миёназамин шиддати заминҷунбиҳо дар музофоти Ҳирот беш аз 6 дараҷа будаст.Ҳамчунин субҳи 9 октябр боз як заминҷунбии дигари қариб 5-дараҷаӣ минтақаи осебдидаро такон дод, аммо дар мавриди хисороти он ҳанӯз расман иттилое дода нашудаст.
https://sputnik.tj/20231009/zaminjunbi-makon-kharobshuda-afghoniston-1059859483.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043035594_131:0:2862:2048_1920x0_80_0_0_fc82bdf4b3ea50b8d144e2c733564a86.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қурбон, заминларза, ҳирот, пешгирӣ, кушта, маҷруҳ
тоҷикистон, қурбон, заминларза, ҳирот, пешгирӣ, кушта, маҷруҳ
Миёни қурбониёни заминларза дар Афғонистон тоҷикистониён низ ҳастанд? Посухи Душанбе
Тоҷикистон паёмадҳои силсилаи заминҷунбиҳои харобиовар дар музофоти Ҳироти Афғонистонро пайгирӣ дорад, ки ҳазорҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Миёни кушташудаҳо ва осебдидаҳои заминларзаҳо дар музофоти Ҳироти Афғонистон шаҳрвандони Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд.
Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод. Тавре аз ин ниҳод ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, паёмадҳои зилзиларо пайгирӣ доранд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба пайвандони кушташудагон тасаллият баён намуда, ба осебдидагони ин офати табиӣ шифои комил таманно кард.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 7 октябр Ҳироти Афғонистонро якбора силсилаи заминҷунбиҳои қавӣ такон дод, ки дар натиҷа беш аз 2 ҳазор нафар қурбон шуда, даҳҳо ҳазор тани дигар бехонаву дар монданд, мегӯянд мақомоти маҳаллӣ.
Ҳамчунин шумораи зиёди одамон бенишон шуданд, ки ҳоло ҷустуҷӯи онҳо идома дорад.
Тибқи маълумоти Маркази зилзиласанҷии Аврупо ва Баҳри Миёназамин шиддати заминҷунбиҳо дар музофоти Ҳирот беш аз 6 дараҷа будаст.
Ҳамчунин субҳи 9 октябр боз як заминҷунбии дигари қариб 5-дараҷаӣ минтақаи осебдидаро такон дод, аммо дар мавриди хисороти он ҳанӯз расман иттилое дода нашудаст.