https://sputnik.tj/20231009/tajlil-du-id-tojikiston-rusiya-maktabi-chekhov-video-1059863508.html
Таҷлили ду иди муҳими Тоҷикистон ва Русия дар мактаби ба номи Чехов - видео
Таҷлили ду иди муҳими Тоҷикистон ва Русия дар мактаби ба номи Чехов - видео
Sputnik Тоҷикистон
Коллективи омӯзгорону толибилмони мактаби тоҷикию русии ба номи Чехов дар Хуҷанд дар радифи рӯзи забони тоҷикӣ, рӯзи омӯзгорро бо шукӯҳ таҷлил намуданд
2023-10-09T15:25+0500
2023-10-09T15:25+0500
2023-10-09T17:26+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
маориф
мактаб
суғд
хуҷанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/09/1059862940_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_131de7c6e42fc39afd48f4c4338cd2be.jpg
Дар бахше аз чорабинӣ иштирокчиён ба хотири гиромидошти забони тоҷикӣ пурра бо забони тоҷикӣ суҳбат мекарданд ва дар қисме аз он барои эҳтироми омӯзгорони Русия бо забони русӣ баромад намуданд, ки ин ду маҳфили ширу шакар” ро мемонд.Коллективи омӯзгорону толибилмони мактаби тоҷикию русии ба номи Чехов дар Хуҷанд дар радифи рӯзи забони тоҷикӣ, рӯзи омӯзгорро бо шукӯҳ таҷлил намуданд.Дар Тоҷикистон 19 мактаби нав бунёд мешавадРӯзи забони давлатӣ дар Тоҷикистон ва рӯзи омӯзгор дар Русия, ба як санаи 5 октябр рос меояд ва ин ду аз идҳои муҳим барои ин кишварҳо маҳсуб мешавад.Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба мактаби тоҷикию русии ба номи А. Чехов дар Хуҷанд рафт ва ҷараёни баргузории чорабинии идонаро ба дурвини худ сабт намуд.Бино ба гуфти ӯ, дар бахше аз чорабинӣ иштирокчиён ба хотири гиромидошти забони тоҷикӣ пурра бо забони тоҷикӣ суҳбат мекарданд ва дар қисме аз он барои эҳтироми омӯзгорони Русия бо забони русӣ баромад намуданд, ки ин ду маҳфили ширу шакар” ро мемонд.Имзои нақшаи чорабиниҳои муштарак Вазоратҳои маорифи Беларусу ТоҷикистонЕлена Владимировна, ҷонишини дерктори мактаби тоҷикию руси ба номи А. Чехов зимни суҳбат гуфт, бахишида ба ин идҳо, ки ҳам барои кишвари Тоҷикистон ва ҳам барои Русия махсус ҳисоб мешаванд ба омӯзгорон сипоснома ва тӯҳфаҳо тақдим кардаанд.Дар ин чорабинӣ ба ҳисоби намояндагони идораҳои фарҳанг ва маорифи Суғд, масъулони консули Русия дар Хуҷанд ширкат варзиданд.Хонандагони ин мактаб меҳмонони чорабиниро хушку холӣ гусел накарданд, балки барномаи фарҳангиеро ба намоиш гузоштанд, ки тамошои он барои ҳар яки иштирокчӣ таасуроти нек мебахшад.
русия
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/09/1059862940_182:0:1142:720_1920x0_80_0_0_81cf9960353a43051a080ada056d60fd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, мактаб, таҷлил, ид, чехов, суғд, маориф
тоҷикистон, русия, мактаб, таҷлил, ид, чехов, суғд, маориф
Таҷлили ду иди муҳими Тоҷикистон ва Русия дар мактаби ба номи Чехов - видео
15:25 09.10.2023 (Навсозишуда: 17:26 09.10.2023) Эксклюзив
Коллективи омӯзгорону толибилмони мактаби тоҷикию русии ба номи Чехов дар Хуҷанд дар радифи рӯзи забони тоҷикӣ, рӯзи омӯзгорро бо шукӯҳ таҷлил намуданд
Дар бахше аз чорабинӣ иштирокчиён ба хотири гиромидошти забони тоҷикӣ пурра бо забони тоҷикӣ суҳбат мекарданд ва дар қисме аз он барои эҳтироми омӯзгорони Русия бо забони русӣ баромад намуданд, ки ин ду маҳфили ширу шакар” ро мемонд.
Коллективи омӯзгорону толибилмони мактаби тоҷикию русии ба номи Чехов дар Хуҷанд дар радифи рӯзи забони тоҷикӣ, рӯзи омӯзгорро бо шукӯҳ таҷлил намуданд.
Рӯзи забони давлатӣ дар Тоҷикистон ва рӯзи омӯзгор дар Русия, ба як санаи 5 октябр рос меояд ва ин ду аз идҳои муҳим барои ин кишварҳо маҳсуб мешавад.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба мактаби тоҷикию русии ба номи А. Чехов дар Хуҷанд рафт ва ҷараёни баргузории чорабинии идонаро ба дурвини худ сабт намуд.
Бино ба гуфти ӯ, дар бахше аз чорабинӣ иштирокчиён ба хотири гиромидошти забони тоҷикӣ пурра бо забони тоҷикӣ суҳбат мекарданд ва дар қисме аз он барои эҳтироми омӯзгорони Русия бо забони русӣ баромад намуданд, ки ин ду маҳфили ширу шакар” ро мемонд.
Елена Владимировна, ҷонишини дерктори мактаби тоҷикию руси ба номи А. Чехов зимни суҳбат гуфт, бахишида ба ин идҳо, ки ҳам барои кишвари Тоҷикистон ва ҳам барои Русия махсус ҳисоб мешаванд ба омӯзгорон сипоснома ва тӯҳфаҳо тақдим кардаанд.
Дар ин чорабинӣ ба ҳисоби намояндагони идораҳои фарҳанг ва маорифи Суғд, масъулони консули Русия дар Хуҷанд ширкат варзиданд.
Хонандагони ин мактаб меҳмонони чорабиниро хушку холӣ гусел накарданд, балки барномаи фарҳангиеро ба намоиш гузоштанд, ки тамошои он барои ҳар яки иштирокчӣ таасуроти нек мебахшад.