https://sputnik.tj/20231009/imzo-naqsha-mushtarak-vazorat-maorif-tojikiston-belorus-1059853304.html
Имзои нақшаи чорабиниҳои муштарак Вазоратҳои маорифи Беларусу Тоҷикистон
Имзои нақшаи чорабиниҳои муштарак Вазоратҳои маорифи Беларусу Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар Беларус нақшаи чорабиниҳои муштарак байни Вазорати маорифи Беларус ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои солҳои 2023-2026 ба имзо расид
2023-10-09T09:02+0500
2023-10-09T09:02+0500
2023-10-09T12:45+0500
дар тоҷикистон
белорус
маориф
илм ва фанноварӣ
санад
имзо
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/09/1059858986_17:0:481:261_1920x0_80_0_0_6eb383b6ea24546860086f18864ef4d3.jpg
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Нақшаи чорабиниҳои муштарак байни Вазорати маорифи Беларус ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои солҳои 2023-2026 вазири маорифи Беларус Андрей Иванец ва вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳимҷон Саидзода имзо карданд."Имрӯз мо изҳор менамоем, ки ҳамкориҳо дар соҳаи маориф, илм ва сиёсати ҷавонон байни Беларус ва Тоҷикистон хеле босуръат инкишоф меёбанд, - изҳор дошт вазири маорифи Беларус.Вай таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир дар донишгоҳҳои Беларус беш аз 500 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Як ҷанбаи муҳим низ рушди ҳамкориҳои ҳайати омӯзгорони кишварҳои мост.Андрей Иванец қайд кард, ки афзалиятҳои ҳарду давлат дар соҳаи маориф ба ҳам наздик мешаванд."Тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ яке аз муҳимтарин самтҳои афзалиятноки рушди низоми маорифи ҳам кишвари мо ва ҳам Тоҷикистон ба шумор рафта, дар доираи ин ҳамкориҳо имрӯз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Беларус бо Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ҳамкории зич дорад”, қайд кард вазири белорусӣ.Раҳимҷон Саидзода вазири тоҷик низ таъкид кардааст, ки кишварҳо имрӯз имкон доранд, ки дастурҳои аз ҷониби роҳбарони давлатҳои мо додашударо амалӣ созем.Дар доираи форум як ҳайати баландпояи Тоҷикистон аз Донишгоҳи давлатии информатика ва радиоэлектроникаи Беларус дидан кард. Дар донишгоҳ музокироти дуҷонибаи раҳбарони бахшҳои таълимии ду кишвар баргузор шуд.
https://sputnik.tj/20230905/taqviyat-maorif-hamkorii-donishgohho-dushanbe-tomsk-1059225565.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/09/1059858986_75:0:423:261_1920x0_80_0_0_35f2bb1522a28d010bf8935600bc83d2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
имзо санад, чорабини муштарак, вазорати маориф, тоҷикистон, белорус
имзо санад, чорабини муштарак, вазорати маориф, тоҷикистон, белорус
Имзои нақшаи чорабиниҳои муштарак Вазоратҳои маорифи Беларусу Тоҷикистон
09:02 09.10.2023 (Навсозишуда: 12:45 09.10.2023) Дар Беларус нақшаи чорабиниҳои муштарак байни Вазорати маорифи Беларус ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои солҳои 2023-2026 ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Нақшаи чорабиниҳои муштарак байни Вазорати маорифи Беларус ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои солҳои 2023-2026 вазири маорифи Беларус Андрей Иванец ва вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳимҷон Саидзода имзо карданд.
"Имрӯз мо изҳор менамоем, ки ҳамкориҳо дар соҳаи маориф, илм ва сиёсати ҷавонон байни Беларус ва Тоҷикистон хеле босуръат инкишоф меёбанд, - изҳор дошт вазири маорифи Беларус.
Вай таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир дар донишгоҳҳои Беларус беш аз 500 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Як ҷанбаи муҳим низ рушди ҳамкориҳои ҳайати омӯзгорони кишварҳои мост.
Андрей Иванец қайд кард, ки афзалиятҳои ҳарду давлат дар соҳаи маориф ба ҳам наздик мешаванд.
"Тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ яке аз муҳимтарин самтҳои афзалиятноки рушди низоми маорифи ҳам кишвари мо ва ҳам Тоҷикистон ба шумор рафта, дар доираи ин ҳамкориҳо имрӯз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Беларус бо Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ҳамкории зич дорад”, қайд кард вазири белорусӣ.
Раҳимҷон Саидзода вазири тоҷик низ таъкид кардааст, ки кишварҳо имрӯз имкон доранд, ки дастурҳои аз ҷониби роҳбарони давлатҳои мо додашударо амалӣ созем.
Дар доираи форум як ҳайати баландпояи Тоҷикистон аз Донишгоҳи давлатии информатика ва радиоэлектроникаи Беларус дидан кард. Дар донишгоҳ музокироти дуҷонибаи раҳбарони бахшҳои таълимии ду кишвар баргузор шуд.