https://sputnik.tj/20231009/narkhi-gazi-moe-dar-khujand-bolo-raft-sabab-dar-chist-1059869807.html
Нархи гази моеъ дар Хуҷанд боло рафт: сабаб дар чист?
Нархи гази моеъ дар Хуҷанд боло рафт: сабаб дар чист?
Sputnik Тоҷикистон
Ронандагони Хуҷанд иддао доранд, ки бо болоравии қимати гази моеъ ҳамчунин дар НФС қиматшавии нархи сӯзишвории дизелӣ низ мушоҳида шудааст
2023-10-09T19:34+0500
2023-10-09T19:34+0500
2023-10-09T20:01+0500
дар тоҷикистон
суғд
хуҷанд
нфс
гази моеъ
бензин
сӯзишворӣ
болоравӣ
нарх
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/16/1057285040_0:162:3066:1887_1920x0_80_0_0_90bfaa44885a1c3a4ea47216d8356020.jpg
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Дар маркази маъмурии вилояти Суғд болоравии нархи гази моеъ идома дорад.Дар тоблоҳои электронии нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Хуҷанд ҳоло 1 литр гази моеъ бо нархи 6,60-6,70 сомонӣ фурӯхта мешавад.Гуфта мешавад, ки як рӯз пеш ин қимат аз 6,20 то 6,30 сомонӣ буд.Болоравии арзиши як намуди маводи сӯхт, бо тағйири нархи бензин низ андаке таъсир гузоштааст.Ҳамин тавр, ҳам дар охири моҳи август ва ҳам дар аввали моҳи октябр АИ-92 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории маҳаллӣ бо нархи 9,80 сомонӣ фурӯхта мешавад.Нархи сӯзишвории АИ-95 то 10,40 сомонӣ буд, дар ҳоле ки ҳоло нархи он ба 11,30 расидааст.Қимати сӯзишвории дизелӣ хеле боло рафтааст - аз 10,60 сомонӣ то 10,80 -11,20.Раҳбарияти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон изҳор дошт, ки болоравии нархи гази моеъ дар Тоҷикистон аз қимати он дар кишварҳои тавлидкунанда вобаста аст, зеро ҷумҳурӣ ин маҳсулотро комилан аз хориҷ ворид мекунад.Ёдовар мешавем, ки беш аз 60% ронандагони тоҷик аз гази моеъ фаъолона истифода мебаранд. Болоравии нархи он ҳатман ба қимати роҳкиро дар таксиҳо, мошинҳои мусофиркаш дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд таъсир мерасонад.
https://sputnik.tj/20230817/charo-narkhi-gazi-moe-dar-tojikiston-garon-shud-sharhi-shirkathoi-furushi-mavodi-sukht-1058874643.html
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/16/1057285040_168:0:2899:2048_1920x0_80_0_0_9a12a447ff3ce890d393d01023095eec.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нарх, сӯзишворӣ, сӯхт, бензин, гази моеъ нфс
тоҷикистон, нарх, сӯзишворӣ, сӯхт, бензин, гази моеъ нфс
Нархи гази моеъ дар Хуҷанд боло рафт: сабаб дар чист?
19:34 09.10.2023 (Навсозишуда: 20:01 09.10.2023) Ронандагони Хуҷанд иддао доранд, ки бо болоравии қимати гази моеъ ҳамчунин дар НФС қиматшавии нархи сӯзишвории дизелӣ низ мушоҳида шудааст
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Дар маркази маъмурии вилояти Суғд болоравии нархи гази моеъ идома дорад.
Дар тоблоҳои электронии нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Хуҷанд ҳоло 1 литр гази моеъ бо нархи 6,60-6,70 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Гуфта мешавад, ки як рӯз пеш ин қимат аз 6,20 то 6,30 сомонӣ буд.
Болоравии арзиши як намуди маводи сӯхт, бо тағйири нархи бензин низ андаке таъсир гузоштааст.
Ҳамин тавр, ҳам дар охири моҳи август ва ҳам дар аввали моҳи октябр АИ-92 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории маҳаллӣ бо нархи 9,80 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Нархи сӯзишвории АИ-95 то 10,40 сомонӣ буд, дар ҳоле ки ҳоло нархи он ба 11,30 расидааст.
Қимати сӯзишвории дизелӣ хеле боло рафтааст - аз 10,60 сомонӣ то 10,80 -11,20.
Раҳбарияти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон изҳор дошт, ки болоравии нархи гази моеъ дар Тоҷикистон аз қимати он дар кишварҳои тавлидкунанда вобаста аст, зеро ҷумҳурӣ ин маҳсулотро комилан аз хориҷ ворид мекунад.
Ёдовар мешавем, ки беш аз 60% ронандагони тоҷик аз гази моеъ фаъолона истифода мебаранд. Болоравии нархи он ҳатман ба қимати роҳкиро дар таксиҳо, мошинҳои мусофиркаш дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд таъсир мерасонад.