https://sputnik.tj/20231009/isroil-natoij-amaliyot-yakshaba-1059858443.html
Исроил натоиҷи амалиёти якшабаашро эълон кард
Исроил натоиҷи амалиёти якшабаашро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Нерӯҳои дифоии Исроил эълон дошт, ки тайи як шаби гузашта садҳо иншооти марбути ду гуруҳи фаластиниро дар навори Ғазза ҳадафи зарба қарор дод.
2023-10-09T12:25+0500
2023-10-09T12:25+0500
2023-10-09T12:26+0500
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
кохи борбад
хушунат
фаластин
исроил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/09/1059858169_0:98:2000:1223_1920x0_80_0_0_767bd167f2ef20f882d7eba6ac9d8ea1.jpg
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Беш аз 500 иншооти марбути Ҳамос ва як гурӯҳи дигари фаластинии "Ҷиҳоди исломӣ" дар навори Ғазза мавриди зарба қарор дода шуд, хабар дод артиши Исроил. Ба иттилои манбаъ, давоми як шаб ҳавопаймоҳои ҷангӣ, чархболҳои низомӣ ва артиллерия аз ҷумла ҳафт маркази фармондеҳии Ҳамос, як биное, ки афсари баландпояи нерӯҳои дарёии Ҳамос истифода мекард ва як маркази фармондеҳии Ҷиҳоди исломӣ мавриди ҳамла қарор гирифтаанд. Дар баробари ин бар асари зарбаҳои Исроил шумори зиёди биноҳои бисёрошёна дар Ғазза тахриб шудаанд. Маврид ба зикр аст, ки субҳи 7 октябр Исроилро навори Ғазза мушакборон кард. Ҳамин тариқ, ҷунбиши фаластинии Ҳамос амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо" алайҳи ин кишварро эълон кард, гуруҳе аз ҷангиёни вориди ин кишвар шуданд. Ҳамос иддао кард, ки беш аз 35 сарбоз ва муҳоҷири исроилиро асир гирифтааст. Нерӯҳои дифои Исроил (IDF) аз оғози амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғазза хабар доданд.Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, дар паёме ба мардум гуфт, ки Исроил дар ҳолати ҷанг қарор дорад ва гуфтааст, ки ӯ барои сафарбаркунии густурдаи захираҳо дастур додааст.Раисиҷумҳури Фаластин Маҳмуд Аббос дар як нишасти изтирорӣ бо шуморе аз мақомоти расмӣ бар ҳаққи мардуми Фаластин барои дифоъ аз худ аз нерӯҳои исроилӣ ва муҳоҷирин таъкид кард.Маскав аз ҳарду ҷониб даъват намуд, ки аз истифодаи зӯроварию хушунат худдорӣ намоянду сари мизи музокирот нишинанд.
https://sputnik.tj/20231009/vazorat-umur-khorij-tojikiston-vaz-khovar-miyona-sharh-1059855199.html
фаластин
исроил
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/09/1059858169_119:0:1882:1322_1920x0_80_0_0_9c12412d1f37c0e163062819b5919c46.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зарба, исроил, ҳамос, фаластин, ғазза
зарба, исроил, ҳамос, фаластин, ғазза
Исроил натоиҷи амалиёти якшабаашро эълон кард
12:25 09.10.2023 (Навсозишуда: 12:26 09.10.2023) Нерӯҳои дифоии Исроил эълон дошт, ки тайи як шаби гузашта садҳо иншооти марбути ду гуруҳи фаластиниро дар навори Ғазза ҳадафи зарба қарор дод.
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Беш аз 500 иншооти марбути Ҳамос ва як гурӯҳи дигари фаластинии "Ҷиҳоди исломӣ" дар навори Ғазза мавриди зарба қарор дода шуд, хабар дод артиши Исроил.
Ба иттилои манбаъ, давоми як шаб ҳавопаймоҳои ҷангӣ, чархболҳои низомӣ ва артиллерия аз ҷумла ҳафт маркази фармондеҳии Ҳамос, як биное, ки афсари баландпояи нерӯҳои дарёии Ҳамос истифода мекард ва як маркази фармондеҳии Ҷиҳоди исломӣ мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.
Дар баробари ин бар асари зарбаҳои Исроил шумори зиёди биноҳои бисёрошёна дар Ғазза тахриб шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки субҳи 7 октябр Исроилро навори Ғазза мушакборон кард. Ҳамин тариқ, ҷунбиши фаластинии Ҳамос амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо" алайҳи ин кишварро эълон кард, гуруҳе аз ҷангиёни вориди ин кишвар шуданд.
Ҳамос иддао кард, ки беш аз 35 сарбоз ва муҳоҷири исроилиро асир гирифтааст. Нерӯҳои дифои Исроил (IDF) аз оғози амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғазза хабар доданд.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, дар паёме ба мардум гуфт, ки Исроил дар ҳолати ҷанг қарор дорад ва гуфтааст, ки ӯ барои сафарбаркунии густурдаи захираҳо дастур додааст.
Раисиҷумҳури Фаластин Маҳмуд Аббос дар як нишасти изтирорӣ бо шуморе аз мақомоти расмӣ бар ҳаққи мардуми Фаластин барои дифоъ аз худ аз нерӯҳои исроилӣ ва муҳоҷирин таъкид кард.
Маскав аз ҳарду ҷониб даъват намуд, ки аз истифодаи зӯроварию хушунат худдорӣ намоянду сари мизи музокирот нишинанд.