Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон вазъи Ховари Миёнаро шарҳ дод

© © Sputnik / Амир ИсаевМинистерство иностранных дел Республики Таджикистан в Душанбе
Министерство иностранных дел Республики Таджикистан в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2023
Обуна шудан
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хостори қатъи фаврии хушунат ва оғози муколама барои ба эътидол овардани вазъро даъват намуд
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Дар Ховари Миёна вазъият ба якборагӣ тезу тунд шуд, омадааст дар хабарномаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Қайд мешавад, ки амалкардҳо дар Исроил, Навори Ғазза ва Миср боиси талафоти зиёди мардуми осоишта мешаванд.
Инфрасохтори манзилӣ ва иҷтимоӣ низ хароб мешавад, изҳор дошт Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.
"Ин дар Тоҷикистон бо нигаронии зиёд қабул карда мешавад", - таъкид карданд дар вазорат.
Илова бар ин, шуъбаи сиёсати берунии Тоҷикистон кирдорҳои таҷовузкоронаро қатъиян маҳкум мекунад.
Палестинцы окло захваченного израильского танка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2023
Натиҷаи зарбаҳои Ҳамос ба Исроил – акс
Ин ниҳод аз ҷонибҳо даъват мекунад, ки фавран ба хушунат хотима бахшанд ва барои ба эътидол овардани вазъ ба муколама шурӯъ кунанд.
Ёдовар мешавем, ки шаби 7 октябр Исроилро навори Ғазза мушакборон кард. Ҳамин тариқ, ҷунбиши фаластинии Ҳамос амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо" алайҳи ин кишварро эълон кард.
Ҳамос иддао кард, ки беш аз 35 сарбоз ва муҳоҷири исроилиро асир гирифтааст. Нерӯҳои дифои Исроил (IDF) аз оғози амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғазза хабар доданд.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, дар паёме ба мардум гуфт, ки Исроил дар ҳолати ҷанг қарор дорад ва гуфтааст, ки ӯ барои сафарбаркунии густурдаи захираҳо дастур додааст.
Раисиҷумҳури Фаластин Маҳмуд Аббос дар як нишасти изтирорӣ бо шуморе аз мақомоти расмӣ бар ҳаққи мардуми Фаластин барои дифоъ аз худ аз нерӯҳои исроилӣ ва муҳоҷирин таъкид кард.
Лентаи хабарҳо
0