Бори панҷум дар ду рӯз: ВМКБ-ро боз заминларза такон дод

© AP / B.K.BanagashМужчина указывает на сейсмографические данные, архивное фото
Мужчина указывает на сейсмографические данные, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2023
Обуна шудан
Заминларзаи навбатӣ дар ноҳияи Ванҷ ба қайд гирифта шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда то ҳол дар бораи хисорот ва талафот хабар надодааст
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон тайи ду рӯзи охир заминларзаи панҷум рух дод.
Дар ин бора Маркази ҷумҳуриявии бозрасию пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон хабар доданд.
Ларзиши замин дар шарқи Тоҷикистон соати 18:20 ба вақти маҳаллӣ ба қайд гирифта шуда, шиддати он дар марказ 4,4 дараҷа арзёбӣ шудаст.
Маркази заминларза дар умқи 15 километр воқеъ будааст. Дар бораи хисорот хабаре дода нашудаст.
Строительный кран. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2023
Бо технологияи Русия сутуни биноҳо дар Тоҷикистонро таҳти назорат мегиранд
Маркази зилзиласанҷии Ӯзбекистон инчунин аз сабти заминларза субҳи 3 октябр ва се заминларзаи дигар баъди зуҳри 2 октябр дар шарқи Тоҷикистон хабар дода буд.
Тибқи маълумоти расмӣ, танҳо дар 6 моҳи соли равон дар минтақаи ВМКБ сар задани беш аз 20 офати табиӣ ба қайд гирифта шуд.
Дар натиҷа дар вилоят 18 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 19 млн сомонӣ хисорот расонида шудааст.
Ҳамагӣ дар 25 сол дар минтақаи ВМКБ 314 офати табиӣ ба қайд гирифта шуда, ки бар асари онҳо 63 нафар ҷон бохтанд. Хисорот молӣ дар ин давра бештар аз 300 млн сомонӣ арзёбӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0