Заминҷунбии Афғонистон 92 куштаву захмӣ барҷой гузошт

© AFP 2023 / Ahmad Sahel ArmanДевочка у разрушенного дома после землетрясения в Афганистане
Девочка у разрушенного дома после землетрясения в Афганистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2023
Обуна шудан
Афғонистонро якбора се замнҷунбии қавӣ такон дод, ки дар натиҷа даҳҳо нафар кушта ва захмӣ гардиданд. Эҳтимол ин шумора боз ҳам афзоиш ёбад
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Дар Афғонистон бар асари замнҷунбии қавӣ 14 нафар кушта шуданд. Дар ин бора расонаҳо бо истинод ба намояндагони тандурустии вилояти Ҳирот хабар доданд.
"Бар асари заминларза дар ғарби Афғонистон дасти кам 14 нафар кушта ва 78 нафар маҷрӯҳ шуданд", - изҳор дошт бо истинод ба мудири департаменти тандурустии вилояти Ҳирот Муҳаммад Толиб Шаҳид.
Ёдовар мешавем, ки Афғонистонро се заминҷунбии қавӣ такон дод.
Нахуст заминҷунбӣ бо шиддати 6.1 дараҷа рух дод. Пасон соати 6:41 ба вақти маҳаллӣ боз як ҷунбиши замин бо қувваи 6.2 дараҷа сабт шуд. Ин офати табиӣ дар 40 километрии шаҳри Ҳирот дар чуқурии 10 км ба амал омад.
Сейсмограф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2023
Афғонистонро се заминҷунбии қавӣ такон дод
Зимнан, чанд дақиқа пас, аниқтараш соати 6:49 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ боз як заминҷунбии қавии дигар рух дод. Ин навбат ларзиши замин ба 5.6 дараҷа баробар буд. Макони он дар 35 киломтрии шимолу ғарби Ҳирот дар чуқурии 35 км ба вуқӯъ омад.
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл дар Тоҷикистон, аниқтараш дар ноҳияи Ванҷ заминҷунбиҳои пай дар пай рух доданд, ки шиддати онҳо 4, 4.4 ва 4.7 дараҷа буд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шарҳи сар задани офатҳои табиӣ гуфт, бар асари ҷунбиши замин дар ин ноҳия хисороти молӣ ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд.
Лентаи хабарҳо
0