https://sputnik.tj/20231007/afghonisto-se-zaminjunb-takon-dod-1059837257.html
Афғонистонро се заминҷунбии қавӣ такон дод
Афғонистонро се заминҷунбии қавӣ такон дод
Шадидтарин заминҷунбии, ки субҳи рӯзи 7 октябр Афғонистонро такон дод, 6.2 дараҷа буд. Пасон ду заминҷунбии дигар ин кишварро ларзонд
2023-10-07T13:20+0500
2023-10-07T13:20+0500
2023-10-07T13:23+0500
осиёи марказӣ
афғонистон
заминҷунбӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/11/1044868314_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_2ea85e3a2d11876e22f695b2574f6e20.jpg
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Субҳи Афғонистон бо заминҷунбунбиҳои пай дар пай дамид, хабар медиҳад Маркази зилзиласанҷии Аврупо ва Баҳри Миёназамин.Ба иттилои ин марказ нахуст заминҷунбӣ бо шиддати 6.1 дараҷа рух дод. Пасон соати 6:41 ба вақти маҳаллӣ боз як ҷунбиши замин бо қувваи 6.2 дараҷа сабт шуд. Ин офати табиӣ дар 40 километрии шаҳри Ҳирот дар чуқурии 10 км ба амал омад. Зимнан, чанд дақиқа пас, аниқтараш соати 6:49 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ боз як заминҷунбии қавии дигар рух дод. Ин навбат ларзиши замин ба 5.6 дараҷа баробар буд. Макони он дар 35 киломтрии шимолу ғарби Ҳирот дар чуқурии 35 км ба вуқӯъ омад.Феълан, маълумотҳо дар мавриди хисорти ин се заминҷунбии қавӣ рӯи даст нест. Ҳамчунин маълум нест, ки ин офати табиӣ дар пай талафоти ҷонӣ дошт ё на.Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл дар Тоҷикистон, аниқтараш дар ноҳияи Ванҷ заминҷунбиҳои пай дар пай рух доданд, ки шиддати онҳо 4, 4.4 ва 4.7 дараҷа буд.Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шарҳи сар задани офатҳои табиӣ гуфт, бар асари ҷунбиши замин дар ин ноҳия хисороти молӣ ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд.
https://sputnik.tj/20231003/vmkb-zaminjunb-takon-dod-1059752011.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/11/1044868314_205:0:2817:1959_1920x0_80_0_0_6e712dc3ea28fccd8604b9889a840ee4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
заминҷунбӣ афғонистон
Афғонистонро се заминҷунбии қавӣ такон дод
13:20 07.10.2023 (Навсозишуда: 13:23 07.10.2023) Шадидтарин заминҷунбии, ки субҳи рӯзи 7 октябр Афғонистонро такон дод, 6.2 дараҷа буд. Пасон ду заминҷунбии дигар ин кишварро ларзонд
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Субҳи Афғонистон бо заминҷунбунбиҳои пай дар пай дамид, хабар медиҳад Маркази зилзиласанҷии Аврупо ва Баҳри Миёназамин.
Ба иттилои ин марказ нахуст заминҷунбӣ бо шиддати 6.1 дараҷа рух дод. Пасон соати 6:41 ба вақти маҳаллӣ боз як ҷунбиши замин бо қувваи 6.2 дараҷа сабт шуд. Ин офати табиӣ дар 40 километрии шаҳри Ҳирот дар чуқурии 10 км ба амал омад.
Зимнан, чанд дақиқа пас, аниқтараш соати 6:49 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ боз як заминҷунбии қавии дигар рух дод. Ин навбат ларзиши замин ба 5.6 дараҷа баробар буд. Макони он дар 35 киломтрии шимолу ғарби Ҳирот дар чуқурии 35 км ба вуқӯъ омад.
Феълан, маълумотҳо дар мавриди хисорти ин се заминҷунбии қавӣ рӯи даст нест. Ҳамчунин маълум нест, ки ин офати табиӣ дар пай талафоти ҷонӣ дошт ё на.
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл дар Тоҷикистон, аниқтараш дар ноҳияи Ванҷ заминҷунбиҳои пай дар пай рух доданд, ки шиддати онҳо 4, 4.4 ва 4.7 дараҷа буд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шарҳи сар задани офатҳои табиӣ гуфт, бар асари ҷунбиши замин дар ин ноҳия хисороти молӣ ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд.