Дар Тоҷикистон як муттаҳам ба терроризмро боздошт кардаанд

© ФотоТурецкие спецслужбы доставили в страну беглого террориста FETÖ
Турецкие спецслужбы доставили в страну беглого террориста FETÖ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2023
Обуна шудан
Мақомоти Туркия созмони рӯҳонии Гулен, ки онро FETÖ меноманд, дар даст доштан дар кӯшиши табаддулоти давлатии моҳи июли соли 2016 муттаҳам мекунанд
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Як узви фирории созмони FETÖ бо номи Вуралро дар Тоҷикистон дастгир карданд. Ин созмон расман дар Туркия мамнуъ аст.
Дар ин бора хабаргузории давлатии Anadolu бо такя ба манобеъи сохторҳои амниятӣ хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки вай аз ҷониби хадамоти махсуси Туркия боздошт шуда, аллакай ба Истамбул бурда шудааст.
Тибқи иттилои расмӣ, террорист бо дастури раҳбарияти FETÖ ба Тоҷикистон рафтааст. Ӯ дар ҳамоҳангсозии фаъолияти гурӯҳ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат дошт.
"Вурал дар гурӯҳи "норинҷӣ"-и феҳристи террористҳои таҳти пайгард қарор дошта, вай ба "узвият дар созмони террористии мусаллаҳи FETÖ" муттаҳам мешавад", - хабар медиҳад агентӣ бо истинод ба хадамоти истихборотии Туркия.
Зимнан зикр мегардад, ки террорист ҳангоми дар Тоҷикистон буданаш бо супоришҳои нави раҳбари созмони мамнӯъ Фатҳуллоҳ Гулен пайваста ба ИМА сафар мекард.
Нашрия қайд мекунад, ки "ӯ пас аз истирдод шудани узви дигари ин созмон бо номи Эмсал Коч ба Туркия қасд дошт Тоҷикистонро тарк кунад".
Турецкие солдаты в Сирии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2023
Сурия аз Туркия даъват кард, ки нерӯҳояшро аз ин кишвар берун кунад
Мақомоти Туркия созмони рӯҳонии Гюлен, ки онро FETÖ (ташкилоти террористии фатҳуллоҳӣ) меноманд, дар даст доштан дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар моҳи июли соли 2016 муттаҳам мекунанд.
Дар Туркия пас аз шӯриш беш аз 80 ҳазор нафар боздошт шуда, тақрибан 150 ҳазор корманди давлатӣ, аз ҷумла низомиён аз кор ронда шуданд ё аз кор боздоштанд.
Худи Гулен, ки дар Амрико қарор дорад, кӯшиши табаддулотро маҳкум ва иттиҳомҳоро рад кард.
Лентаи хабарҳо
0