https://sputnik.tj/20231002/suriya-turkiya-neruho-kishvar-berun-kunad-1059717494.html
Сурия аз Туркия даъват кард, ки нерӯҳояшро аз ин кишвар берун кунад
Сурия аз Туркия даъват кард, ки нерӯҳояшро аз ин кишвар берун кунад
Sputnik Тоҷикистон
Соли 2011 дар Сурия ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд. Туркия он замон дар канори мухолифони Башор Асад қарор гирифт, ки ин кор боиси бад шудани муносибатҳо гашт
2023-10-02T09:36+0500
2023-10-02T09:36+0500
2023-10-02T09:36+0500
дар ҷаҳон
туркия
сурия
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/1f/1053952396_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_1aff83db4df12f4061eaeebf38e89d6a.jpg
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Сурия ҳузури нирӯҳои туркро дар қаламрави худ ишғоли ғайриқонунӣ медонад.Ба гуфтаи ас-Саббоҳ, як қатор қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милал вуҷуд доранд, ки эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Сурияро тақозо мекунанд. Илова бар ин, чунин изҳорот дар доираи формати Остона, ки Туркия бахше аз он аст, садо дод, гуфт ӯ."Туркия бояд нерӯҳои худро берун кашад. Мо, албатта, омода ҳастем, ки бо онҳо ҳама ҷанбаҳои дигарро баррасӣ кунем, аммо онҳо набояд исрор кунанд, ки (қӯшунҳо) боқӣ монад. Ин як ишғоли ғайриқонунӣ аст", - илова намуд ӯ.Яшар Гулер, вазири амнияти миллии ин кишвар, дар авохири моҳи сентябр гуфта буд, ки Туркия танҳо пас аз фароҳам кардани фазои амн нирӯҳои худро аз Сурия хориҷ хоҳад кард.Соли 2011 дар Сурия ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд. Туркия, ки пеш аз муноқиша бо Димишқ равобити наздик дошт, дар канори мухолифони Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия буд. Аз он замон то кунун равобити Туркия бо Сурия мушкил боқӣ мондааст. Аммо ахиран ҳарду ҷониб ва ҳамчунин расонаҳои хабарӣ, ки равобити ду кишварро инъикос мекунанд, аз имкони ба эътидол овардани тадриҷан ҳарф мезананд. Моҳи декабри соли гузашта Русия мизбони нахустин музокироти вазирони дифоъи Туркия ва Сурия дар 11 соли ахир гардид. Асад гуфт, хуруҷи нирӯҳои Туркия аз Сурия шарти зарурӣ барои ба эътидол овардани равобити Димишқ ва Анқара аст.
https://sputnik.tj/20230423/ankara-ima-talosh-tashkili-davlati-terroristi-1056627691.html
туркия
сурия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/1f/1053952396_119:0:2850:2048_1920x0_80_0_0_9698e70dabfd1e0f9fb7e1f35b0a0155.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
туркия сурия
Сурия аз Туркия даъват кард, ки нерӯҳояшро аз ин кишвар берун кунад
Вазорати хориҷаи Сурия гуфт, бидуни хуруҷи нерӯҳои Туркия аз қаламрави Сурия, ба эътидол овардани равобит ғайриимкон аст
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Сурия ҳузури нирӯҳои туркро дар қаламрави худ ишғоли ғайриқонунӣ медонад.
"Туркия бояд контингенти низомии худро хориҷ кунад, дар акси ҳол, ба эътидол овардани муносибатҳои байни кишварҳо ғайриимкон аст", - изҳор дошт муовини вазири корҳои хориҷии Сурия Бассам ас-Саббоҳ дар мусоҳиба бо РИА Новости.
Ба гуфтаи ас-Саббоҳ, як қатор қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милал вуҷуд доранд, ки эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Сурияро тақозо мекунанд. Илова бар ин, чунин изҳорот дар доираи формати Остона, ки Туркия бахше аз он аст, садо дод, гуфт ӯ.
"Туркия бояд нерӯҳои худро берун кашад. Мо, албатта, омода ҳастем, ки бо онҳо ҳама ҷанбаҳои дигарро баррасӣ кунем, аммо онҳо набояд исрор кунанд, ки (қӯшунҳо) боқӣ монад. Ин як ишғоли ғайриқонунӣ аст", - илова намуд ӯ.
Яшар Гулер, вазири амнияти миллии ин кишвар, дар авохири моҳи сентябр гуфта буд, ки Туркия танҳо пас аз фароҳам кардани фазои амн нирӯҳои худро аз Сурия хориҷ хоҳад кард.
Соли 2011 дар Сурия ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд. Туркия, ки пеш аз муноқиша бо Димишқ равобити наздик дошт, дар канори мухолифони Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия буд. Аз он замон то кунун равобити Туркия бо Сурия мушкил боқӣ мондааст. Аммо ахиран ҳарду ҷониб ва ҳамчунин расонаҳои хабарӣ, ки равобити ду кишварро инъикос мекунанд, аз имкони ба эътидол овардани тадриҷан ҳарф мезананд.
Моҳи декабри соли гузашта Русия мизбони нахустин музокироти вазирони дифоъи Туркия ва Сурия дар 11 соли ахир гардид. Асад гуфт, хуруҷи нирӯҳои Туркия аз Сурия шарти зарурӣ барои ба эътидол овардани равобити Димишқ ва Анқара аст.