Аз Эрдуғон то Ҷабборов: Раҳмон аз раисҷумҳурони 8 кишвар номаи шодбошӣ гирифт

© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2023
Обуна шудан
Ба муносибати 71 - умин солрӯзи кишвардори Тоҷикистон раисҷумҳурон аз ҳашт кишвар унвонии роҳбари давлат мактуби шодбошӣ ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, ки 5 октябр рӯзи мавлуд дорад, аз ин рӯ ҳамтоёни ӯ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Туркияву Чин унвонияш номаи табрикотӣ ирсол карданд.
Котиботи роҳбари давлат мегӯяд, номаҳо аз сӯи Си Ҷинпин, Шавкат Мирзиёев, Содир Ҷабборов, Сардор Бердимуҳаммадов, Қосимжомарт Тоқаев ва чанд президенти дигар равон карда шуданд.
Манбаъ номаи ирсолкардаи роҳбари Чинро нашр намудааст, ки Ҷинпин аз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори ботаҷриба миёни сарони давлатҳои ИДМ васф шудааст.
"Ман ба рушди равобити Чину Тоҷикистон таваҷҷуҳ зиёд зоҳир менамоям, тамосҳои неки корӣ ва дӯстии амиқи шахсиамонро қадр мекунам, ҳамзамон омодаам дар якҷоягӣ бо шумо ҷиҳати пешбурди ҳамкориҳо миёни Чину Тоҷикистон талош намоям", - омадааст дар номаи роҳбари Чин.
Манбаъ ҳамчунин номаи Шавкат Мирзиёевро низ нашр намуд, ки дар он президенти Ӯзбекистонизҳор боварӣ намудааст, ки ба шарофати саъю талошҳои муштарак муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар рӯҳияи шарикии стратегии дарозмуддат ва ҳампаймонӣ рушд хоҳанд кард.
Мирзиёев ба роҳбари Тоҷикистон сиҳатмандии комил, саодати оилавӣ ва ба мардуми Тоҷикистон сулҳу субот, рушди пойдор ва шукуфоӣ орзу намуд.
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Таджикистан для участия в СВМДА - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2023
Путин Раҳмонро бо зодрӯзаш табрик кард ва аз обрӯву эътибори баландаш гуфт
Кишвардори Қазоқистон бошад дар номаи худ зикр намуд, Эмомалӣ Раҳмонро дар он кишвар ҳамчун ходими барҷастаи давлатӣ ва пешвои умумиэътирофгардидаи мардуми Тоҷикистон мешиносанд. Тоқаев ба ҳамтои тоҷики худ нерӯи беинтиҳо, хайрияти оилавӣ ва комёбиҳои минбаъда таманно кард.
Президенти Туркманистон низ дар макттуби шодбошӣ ба Эмомалӣ Раҳмон саломативу бардамӣ ва ба мардуми Тоҷикистон сулҳу пешрафт таманно кард.
Кишвардорони Озарбойҷон, Туркия ва Беларус низ Эмомалӣ Раҳмонро бо 71 - умин солгарди умраш муборакбодӣ намуданд.
Роҳбари Тоҷикистонро ҳамчунин кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов таҳният гуфта ба ӯ саломатии бардавом, саодатмандӣ, некӯаҳволӣ ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзу кард.
Лентаи хабарҳо
0