https://sputnik.tj/20231005/putin-rahmon-zodruz-tabrik-kard-1059793478.html
Путин Раҳмонро бо зодрӯзаш табрик кард ва аз обрӯву эътибори баландаш гуфт
Путин Раҳмонро бо зодрӯзаш табрик кард ва аз обрӯву эътибори баландаш гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Русия дар паёми муборакбодии худ изҳор доштааст, ки роҳбари Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар обӯ ва эътибори баланд дорад
2023-10-05T10:34+0500
2023-10-05T10:34+0500
2023-10-05T12:50+0500
дар тоҷикистон
русия
владимир путин
эмомалӣ раҳмон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102916/26/1029162642_0:234:3071:1962_1920x0_80_0_0_9d485a7a79b1a09dccc5975c7a728e4d.jpg
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон ҷашни зодрӯз дорад ва ба ин муносибат кишвардорони зиёд унвонии ӯ мактубӣ табрикотӣ ирсол намуданд.Котиботи роҳбари давлат хабар дод, ки Владимир Путин, президенти Русия паёми табрикотӣ ирсол намудааст.Кишвардори Русия аз фаъолияти доманадори Эмомалӣ Раҳмон гуфта, қайд намуд, ки ӯ миёни ҳамватанони худ эҳтироми шоиста дорад ва ҳамзамон дар хориҷи кишвар низ обрӯ ва эътибори баландро соҳиб шудааст.Дар идома Путин зикр намуд, ки аз идомаи муколамаи созанда ва ҳамкории зич дар самти масъалаҳои мубрами муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон хушҳол хоҳад буд.Президенти Русия ба ҳамтои тоҷики худ сиҳатмандии комил, некӯаҳволӣ ва комёбиҳо орзу намуд.Путин Раҳмонро бо Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон табрик гуфтЭмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи вилояти Кӯлоб (ҳоло Хатлон) ба дунё омада, аз моҳи ноябри соли 1992 ба ин сӯ амалан раҳбари Тоҷикистон аст.Хатми ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини амнияту субот ва баровардани Тоҷикистон ба роҳи рушди устувори иқтисодиро аз дастовардҳои сиёсатҳои 30 – солаи ӯ ном мебаранд.
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102916/26/1029162642_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_9f39822cca6a00702ea774d63e1c67d8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин раҳмон зодрӯз
Путин Раҳмонро бо зодрӯзаш табрик кард ва аз обрӯву эътибори баландаш гуфт
10:34 05.10.2023 (Навсозишуда: 12:50 05.10.2023) Кишвардори Русия дар паёми муборакбодии худ изҳор доштааст, ки роҳбари Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар обӯ ва эътибори баланд дорад
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон ҷашни зодрӯз дорад ва ба ин муносибат кишвардорони зиёд унвонии ӯ мактубӣ табрикотӣ ирсол намуданд.
Котиботи роҳбари давлат хабар дод, ки Владимир Путин, президенти Русия паёми табрикотӣ ирсол намудааст.
Кишвардори Русия аз фаъолияти доманадори Эмомалӣ Раҳмон гуфта, қайд намуд, ки ӯ миёни ҳамватанони худ эҳтироми шоиста дорад ва ҳамзамон дар хориҷи кишвар низ обрӯ ва эътибори баландро соҳиб шудааст.
"Саҳми шахсии шумо дар таҳкими муносиботи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии кишварҳои мо, ҳамчунин тақвияти робитаҳои барои ду ҷониб судманд дар доираи СААД, ИДМ ва СҲШ бузург аст", - омадааст дар номаи табрикотии роҳбари Русия.
Дар идома Путин зикр намуд, ки аз идомаи муколамаи созанда ва ҳамкории зич дар самти масъалаҳои мубрами муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон хушҳол хоҳад буд.
Президенти Русия ба ҳамтои тоҷики худ сиҳатмандии комил, некӯаҳволӣ ва комёбиҳо орзу намуд.
Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи вилояти Кӯлоб (ҳоло Хатлон) ба дунё омада, аз моҳи ноябри соли 1992 ба ин сӯ амалан раҳбари Тоҷикистон аст.
Хатми ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини амнияту субот ва баровардани Тоҷикистон ба роҳи рушди устувори иқтисодиро аз дастовардҳои сиёсатҳои 30 – солаи ӯ ном мебаранд.