КҲФ аз ду рӯзи хатарнок дар Тоҷикистон ҳушдор дод

© Sputnik / Evgeny Odinokov / Гузариш ба медиабонкЛюди идут по улице во время ливня в Москве
Люди идут по улице во время ливня в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2023
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз боришоти борону жола ва барф ҳушдор дода, мегӯяд омадани сели маҳаллӣ низ аз эҳтимол дур нест
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзҳои 6-7 октябр ҳаво ноустувор хоҳад шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар ин ду рӯз дар водиҳо боришоти шадиди борон дар назар аст.
Ҳамчунин рӯзи 7 октябр дар баландии беш аз 2500 метр борон ба барф мубаддал хоҳад ёфт. Вазиши шамол низ дар аксар минтақаҳои кишвар шадид шуда, шиддати он дар як сония ба 15-20 метр мерасад.
КҲФ мегӯяд, омадани селҳои маҳаллӣ низ аз эҳтимол дур нест, зеро бар асари боронгариҳо сатҳи об дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу ва рӯдхонаҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, боло меравад.
Сели в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2023
Қурбониёни сел дар Тоҷикистон афзоиш ёфтанд
Дар чунин вазъи ҳаво эҳтимолияти сар задани садамаҳо дар шоҳроҳҳо махсусан қитъаҳои кӯҳӣ зиёд аст, ҳушдор медиҳад Кумита.
Илова бар ин, зери об мондани манзилу иншоот, роҳу пулҳо ва заминҳои кишоварзӣ низ мавҷуд аст.
Бинобар ин Кумита аз шаҳрвандандон хост, тамоми ҷӯйборҳои дар наздики манзилҳо буда аз хасу хошок тоза карда шаванд.
Ҳамзамон даъват гардид, ки қоидаҳои оддии бехатарии шахсӣ риоя гарданд ва аз сайру гашт дар кӯҳистон, ҷамъоварии ҳезум ва дигар зироатҳои кишоварзӣ худдорӣ бояд кард.
Лентаи хабарҳо
0