https://sputnik.tj/20231004/kozhoshev-samt-asosi-rushd-naqliyot-iiao-1059789155.html
Кожошев самтҳои асосии рушди нақлиёт дар ИИАО-ро эълон кард
Кожошев самтҳои асосии рушди нақлиёт дар ИИАО-ро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазифаи асосӣ дар соҳаи нақлиёт таъмини пайвастагии технологии субъектҳои гуногуни бозор ҳангоми ташкил ва анҷоми ҳамлу нақл арзёбӣ шуд
2023-10-04T18:36+0500
2023-10-04T18:36+0500
2023-10-04T18:36+0500
нақлиёт
таҳким
иттиҳоди иқтисодии уросиё
қазоқистон
рушд
роҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040882771_652:523:2288:1443_1920x0_80_0_0_da68a4d1e156fb1890edf61e08590916.jpg
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои бузурги инфрасохторӣ бидуни воситаҳои татбиқ, ҳавасмандкунӣ ва дастгирӣ ғайриимкон мебошад. Ин нуктаро вазири энергетика ва инфрасохтори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Арзибек Кожошев дар ҳамоиши VI байнулмилалии нақлиёт ва логистикии "Роҳи нави абрешим" изҳор дошт. Чорабинӣ дар Остона дар доираи Ҳафтаи нақлиёти Қазоқистон баргузор шуд. Кожошев аз кӯшишҳои давлатҳои узви иттиҳоддар рушди инфрасохтори байналмилалии нақлиётӣ ва содагардонии расмиёти убури сарҳадӣ тавсиф карда, афзуд, ки гуфтушунид бо кишварҳои дигар низ барои татбиқи тарҳҳои инфрасохторӣ дар ҷараёнанд. "Дар шароити баргардонидани гардиши бор ба самти Шарқ ва Осиё долонҳои классикии "Шимол - Ҷануб", "Аврупо - Чини ғарбӣ", "Роҳи нави абрешим", Роҳи байналмилалии нақлиётии фарокаспий, ТРАСЕКА нафаси нав мегиранд", - изҳор дошт ӯ. Вай афзуд, ки заминаи меъёрии ҳуқуқие, ки шароити фаъолияти ин тарҳҳоро муайян мекунад, такмил дода мешавад. Инчунин доираи хатсайрҳо васеъ шуда, шумораи кишварҳои манфиатдор ва субъектҳои хоҷагидор афзоиш ёфта истодааст, таъкид намуд вазири Комиссияи иқтисодӣ. Ба гуфтаи Кожошев дар шароити муосир, механизмҳои нави идораи долонҳо муайян карда мешаванд. Вай илова намуд, ки ИИАО тамос бо шариконро бо ҳадафи рушди долонҳои нақлиётӣ, рушди занҷираҳои таъминот ва осон кардани ҳамлу нақл таҳким мебахшад.
https://sputnik.tj/20231003/iiao-saudi-tatbiq-shimol-janub-1059760152.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040882771_758:444:2245:1559_1920x0_80_0_0_d5b3bbca817b2917b8c030abf67d16fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дурнамо, ҳамкорӣ, иттиҳоди иқтисодии авруосиё
дурнамо, ҳамкорӣ, иттиҳоди иқтисодии авруосиё
Кожошев самтҳои асосии рушди нақлиёт дар ИИАО-ро эълон кард
Вазифаи асосӣ дар соҳаи нақлиёт таъмини пайвастагии технологии субъектҳои гуногуни бозор ҳангоми ташкил ва анҷоми ҳамлу нақл арзёбӣ шуд
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои бузурги инфрасохторӣ бидуни воситаҳои татбиқ, ҳавасмандкунӣ ва дастгирӣ ғайриимкон мебошад.
Ин нуктаро вазири энергетика ва инфрасохтори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Арзибек Кожошев дар ҳамоиши VI байнулмилалии нақлиёт ва логистикии "Роҳи нави абрешим" изҳор дошт. Чорабинӣ дар Остона дар доираи Ҳафтаи нақлиёти Қазоқистон баргузор шуд.
Кожошев аз кӯшишҳои давлатҳои узви иттиҳоддар рушди инфрасохтори байналмилалии нақлиётӣ ва содагардонии расмиёти убури сарҳадӣ тавсиф карда, афзуд, ки гуфтушунид бо кишварҳои дигар низ барои татбиқи тарҳҳои инфрасохторӣ дар ҷараёнанд.
"Дар шароити баргардонидани гардиши бор ба самти Шарқ ва Осиё долонҳои классикии "Шимол - Ҷануб", "Аврупо - Чини ғарбӣ", "Роҳи нави абрешим", Роҳи байналмилалии нақлиётии фарокаспий, ТРАСЕКА нафаси нав мегиранд", - изҳор дошт ӯ.
Вай афзуд, ки заминаи меъёрии ҳуқуқие, ки шароити фаъолияти ин тарҳҳоро муайян мекунад, такмил дода мешавад. Инчунин доираи хатсайрҳо васеъ шуда, шумораи кишварҳои манфиатдор ва субъектҳои хоҷагидор афзоиш ёфта истодааст, таъкид намуд вазири Комиссияи иқтисодӣ.
Ба гуфтаи Кожошев дар шароити муосир, механизмҳои нави идораи долонҳо муайян карда мешаванд.
Вай илова намуд, ки ИИАО тамос бо шариконро бо ҳадафи рушди долонҳои нақлиётӣ, рушди занҷираҳои таъминот ва осон кардани ҳамлу нақл таҳким мебахшад.