Мирзиёев бо даъвати Путин ба Маскав меравад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонк Президент РФ Владимир Путин и президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев
 Президент РФ Владимир Путин и президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2023
Обуна шудан
Интизор меравад, кишвардори Ӯзбекистон дар Маскав бо президенти Русия ва ҳамзамон бо сарвазири ин кишвар дидору мулоқот анҷом диҳад
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 5-7 октябр Ба Русия сафар анҷом медиҳад, хабар дод дафтари матуоти кишвардори Ӯзбекистон.
Ба иттилои манбаъ, ин сафари расмӣ хоҳад буд.
"Тибқи барномаи будубош дар Маскав музокироти раҳбарони ду кишвар дар назар аст. Мирзиёев ҳамчунин бо раиси ҳукумати Русия Михаил Мишустин низ мулоқот хоҳад кард", - омадааст дар хабар.
Ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, ба тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, муҳоҷират ва гуманитарӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир хоҳанд кард.
Путин ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё шарҳ дод
Манбаъ афзуд, Шавкат Мирзиёев инчунин ба Тотористон сафар карда, дар он ҷо бо волии ҷумҳурӣ Рустам Миннихонов гуфтушунид хоҳад кард.
Маврид ба зикр аст, ки дар Қазон ҳоло Анҷумани сеюми ҳамкориҳои байниминтақавии Ӯзбекистон ва Русия ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0