Путин ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё шарҳ дод

© Sputnik / Павел Быркин / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин
Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия боварӣ дорад, ки Ӯзбекистон ва Тоҷикистон метавоананд ҳамкориҳояшонро бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё тақвият бахшанд
ДУШАНБЕ, 25 мая — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин, дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё изҳори итминон кард, ки Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳамкориҳоро бо кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) тақвият хоҳанд дод.
Дар ҷараёни мулоқот Владимир Путин, раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон, раҳбари Тоҷикистонро, ки дар ин чорабинӣ ба таври маҷозӣ ширкат доштанд, истиқбол кард.
"Мехоҳам изҳори итминон кунам, ки кишварҳои шумо ҳамкориҳои судманд ва гуногунҷанбаро бо панҷ узв - давлатҳо афзоиш хоҳанд дод. Рамзӣ аст, ки вохурии мо дар остонаи таҷлили Рӯзи Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё 29 май баргузор мешавад, ки бо қарори Шӯрои олии соли гузашта таъсис ёфт ва нишонаи пешрафту ҳамгироии минбаъдаи кишварҳои узви иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё мебошад”, - гуфт Путин.
Президент РФ Владимир Путин на пленарном заседании Евразийского экономического форума - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2023
Ҳудуди бузурги иқтисодӣ: Суханронии Путин дар форуми иқтисодии АвруОсиё
Ёдовар мешавем, ки ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё Русия, Белорус, Қирғизистон, Қозоқистон ва Арманистон дохил мешаванд. Дар соли 2023 Русия раёсати ин иттиҳодро бар ӯҳда гирифтааст.

Тоҷикистон ва ИИАО

Бояд гуфт, музокирот дар бораи вуруди Тоҷикистон ба ИИАО чанд сол боз идома дорад. Ба гуфтаи коршиносон, аз чунин иқдом назар ба камбудиҳо бартариҳо зиёдтаранд.
Пеш аз ҳама узвият дар иттиҳод ба кишвар имкон медиҳад, ки потенсиали тиҷоратӣ ва сармоягузории худро боз кунад.
Ҳамин тавр вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода зимни нишасти хабарӣ гуфта буд, ки ба Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи ворид шудан ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё вақт лозим дорад.
"Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё як созмони ҷавон аст, аз ин рӯ ҳоло баҳо додан ба ҳама ҷиҳатҳои мусбат ва манфии пайвастани ҷумҳурӣ ба ин иттиҳод имконнопазир аст", - гуфт ӯ.
Флаг с символикой Евразийского экономического союза (ЕАЭС) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2022
Ӯзбекистон дар миёни фаъолони Иттиҳоди Авруосиё: Тоҷикистон чӣ?
Ба гуфтаи Завқизода, мақомоти Тоҷикистон таҷрибаи кишварҳои узви иттиҳод бо иқтисодҳои шабеҳро меомӯзанд ва таҳлил мекунанд. Пеш аз ҳама инҳо Қирғизистон ва Арманистон мебошанд.
Вазир таъкид кард, ки дар масъалаи вуруди ҷумҳурӣ ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё шитоб кардан маънӣ надорад. Таҳияи омори намунавӣ дар бораи фаъолияти иқтисодии созмон метавонад солҳо тӯл кашад.
Лентаи хабарҳо
0