https://sputnik.tj/20231003/istiqlol-natavonist-al-nasr-maghlub-kunad-1059750895.html
"Истиқлол" натавонист "Ал-Наср" -ро мағлуб кунад
"Истиқлол" натавонист "Ал-Наср" -ро мағлуб кунад
Sputnik Тоҷикистон
Дар қисми аввали бозӣ дастаи Тоҷикистон бар тими мизбон пешсаф буд ва дар дақиқаи 44-уми бозӣ аввалин ва охирини голро ба самар расонд
2023-10-03T09:43+0500
2023-10-03T09:43+0500
2023-10-03T11:31+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
футбол
"истиқлол"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/03/1059750730_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_2c1dafa9278ed68cc7c328a2f5f94d88.jpg
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Дастаи "Истиқлол" дуввумин бозии худро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё бо шикаст анҷом дод. Рақибони дастаи футболи Душанбе бо тими "Ал-Наср" -и Арабистони Саудӣ бозӣ карда, бо ҳисоби 1 бар 3 мағлуб шуданд.Вохӯрии дастаҳои дар варзишгоҳи "Ал-Аввал Парк"-и шаҳри Риёз сурат гирифт.Дар қисми аввали бозӣ дастаи "Истиқлол" дар ҳисоб пешсаф буд. Сенин Себай дар дақиқаи 44-ум голи бошгоҳи "Истиқлол"-ро ба самар расонид. Ин аввалин голи "Истиқлол" дар мавсими нави Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё дар мавсими 2023/24 маҳсуб мешуд. Дар қисми дуюми бозӣ Криштиану Роналду дар дақиқаи 66-ум ҳисобро мусовӣ 1 бар 1 кард.Пасон бозигари бразилӣ Андерсон Талиска ду тӯби дигарро вориди дарвозаи футболбозони тоҷик кард ва бозӣ бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи дастаи мизбон анҷом ёфт.Дар бозии дигари гурӯҳ "Ал-Дуҳайл" бо ҳисоби 0 бар 1 аз "Персеполис" мағлуб шуд. Ягона голро Умид Алишоҳ ба самар расонид.Ёдовар мешавем, ки дар даври 3-юми бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё рӯзи 24-уми октябр "Истиқлол" дар сафар бо "Персеполис"-и Эрон ва "Ал-Наср" дар сафар дар ҳамин рӯз бо "Ал-Дуҳайл"-и Қатар вориди майдони рақобат мегарданд.
https://sputnik.tj/20230920/dastai-istiqlol-dar-avvalin-bozish-dar-ligai-chempionho-na-burdu-na-bokht-1059484962.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/03/1059750730_0:0:1280:961_1920x0_80_0_0_3aaf8b5cb4dfaf1e6addf2985fa31900.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
"истиқлол" "ал-наср" футбол
"истиқлол" "ал-наср" футбол
"Истиқлол" натавонист "Ал-Наср" -ро мағлуб кунад
09:43 03.10.2023 (Навсозишуда: 11:31 03.10.2023) Дар қисми аввали бозӣ дастаи Тоҷикистон бар тими мизбон пешсаф буд ва дар дақиқаи 44-уми бозӣ аввалин ва охирини голро ба самар расонд
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Дастаи "Истиқлол" дуввумин бозии худро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё бо шикаст анҷом дод. Рақибони дастаи футболи Душанбе бо тими "Ал-Наср" -и Арабистони Саудӣ бозӣ карда, бо ҳисоби 1 бар 3 мағлуб шуданд.
Вохӯрии дастаҳои дар варзишгоҳи "Ал-Аввал Парк"-и шаҳри Риёз сурат гирифт.
Дар қисми аввали бозӣ дастаи "Истиқлол" дар ҳисоб пешсаф буд. Сенин Себай дар дақиқаи 44-ум голи бошгоҳи "Истиқлол"-ро ба самар расонид. Ин аввалин голи "Истиқлол" дар мавсими нави Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё дар мавсими 2023/24 маҳсуб мешуд.
Дар қисми дуюми бозӣ Криштиану Роналду дар дақиқаи 66-ум ҳисобро мусовӣ 1 бар 1 кард.
Пасон бозигари бразилӣ Андерсон Талиска ду тӯби дигарро вориди дарвозаи футболбозони тоҷик кард ва бозӣ бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи дастаи мизбон анҷом ёфт.
Дар бозии дигари гурӯҳ "Ал-Дуҳайл" бо ҳисоби 0 бар 1 аз "Персеполис" мағлуб шуд. Ягона голро Умид Алишоҳ ба самар расонид.
Ёдовар мешавем, ки дар даври 3-юми бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё рӯзи 24-уми октябр "Истиқлол" дар сафар бо "Персеполис"-и Эрон ва "Ал-Наср" дар сафар дар ҳамин рӯз бо "Ал-Дуҳайл"-и Қатар вориди майдони рақобат мегарданд.