https://sputnik.tj/20231003/kamon-besarnishin-nav-eron-muarrifi-1059764072.html
"Камон 19" - бесарнишини нави эронӣ ба артиш пазируфта шуд
"Камон 19" - бесарнишини нави эронӣ ба артиш пазируфта шуд
Sputnik Тоҷикистон
Қувваҳои мусаллаҳи Эрон ҳавопаймои нави бесарнишинашонро муаррифӣ карданд, ки бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз буда, аз озмоишҳо гузаштаст 03.10.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-10-03T17:59+0500
2023-10-03T17:59+0500
2023-10-03T17:59+0500
амният ва мудофиа
дар ҷаҳон
эрон
ҳавопаймои бесарнишин
тамрин
муаррифӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/18/1059020023_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_68e49bb90055f204e58834ef18b9a336.jpg
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон як ҳавопаймои нави бесарнишин бо номи "Камон - 19"-ро муаррифӣ кард, ки бо низоми ҷанги электронӣ муҷаҳҳаз аст. Дар ин бора хабаргузории IRNA иттилоъ дода, афзуд, ки ҳавопаймои бесарнишини нав аз ҳама озмоишҳо бо муваффақият гузаштааст. Намояндаи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, Алиризо Шайх, дар тамрини муштараки нирӯҳои вижаи бесарнишинҳои кишвар гуфт, "Камон - 19" ба сафи қувваҳои мусаллаҳ қабул гардид. "Он нахустин парвози ҷангӣ анҷом дода, амалиёти ҷангии электрониро бомуваффақият анҷом дода, мавҷҳои радариро пахш кард", - гуфт ӯ.Дар Эрон машқҳои муштараки воҳидҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини нерӯҳои мусаллаҳ бо манзури тамрини ҷанги электронӣ ва ҳамоҳангсозии амалиёти гурӯҳи ҳавопаймоҳои бесарнишин давом дорад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки чанде аз кишварҳои аврупоӣ ба идораи низомии Эрон дар робита ба дарёфти ҳавопаймоҳои бесарнишини дархост фиристодаанд. Пештар кишварҳои аврупоӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико борҳо аз Теҳрон талаб кардаанд, ки ба ҷониби Русия аслиҳа, бахусус ҳавопаймоҳои бесаринишин, ки гӯё Маскав дар даргириҳо бо Киев истифода мекунад, интиқол надиҳад. Маскав ва Теҳрон ин иддаоро бепоя хонданд. Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии исломӣ ба иддаои Ғарб дар мавриди иттиҳомоти бепояи Эрон аз сӯи кишварҳои ғарбӣ дар мавриди истифода аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини эронӣ дар даргириҳои Украина посух дод.
https://sputnik.tj/20230904/saad-muboriza-besarnishin-tamrin-1059200833.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/18/1059020023_128:0:2859:2048_1920x0_80_0_0_85c417f235a91ab10df5d41e5901c67d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амният ва мудофиа, дар ҷаҳон, эрон, ҳавопаймои бесарнишин, тамрин, муаррифӣ
амният ва мудофиа, дар ҷаҳон, эрон, ҳавопаймои бесарнишин, тамрин, муаррифӣ
"Камон 19" - бесарнишини нави эронӣ ба артиш пазируфта шуд
Қувваҳои мусаллаҳи Эрон ҳавопаймои нави бесарнишинашонро муаррифӣ карданд, ки бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз буда, аз озмоишҳо гузаштаст
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон як ҳавопаймои нави бесарнишин бо номи "Камон - 19"-ро муаррифӣ кард, ки бо низоми ҷанги электронӣ муҷаҳҳаз аст.
Дар ин бора хабаргузории IRNA иттилоъ дода, афзуд, ки ҳавопаймои бесарнишини нав аз ҳама озмоишҳо бо муваффақият гузаштааст.
Намояндаи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, Алиризо Шайх, дар тамрини муштараки нирӯҳои вижаи бесарнишинҳои кишвар гуфт, "Камон - 19" ба сафи қувваҳои мусаллаҳ қабул гардид.
"Он нахустин парвози ҷангӣ анҷом дода, амалиёти ҷангии электрониро бомуваффақият анҷом дода, мавҷҳои радариро пахш кард", - гуфт ӯ.
Дар Эрон машқҳои муштараки воҳидҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини нерӯҳои мусаллаҳ бо манзури тамрини ҷанги электронӣ ва ҳамоҳангсозии амалиёти гурӯҳи ҳавопаймоҳои бесарнишин давом дорад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки чанде аз кишварҳои аврупоӣ ба идораи низомии Эрон дар робита ба дарёфти ҳавопаймоҳои бесарнишини дархост фиристодаанд.
Пештар кишварҳои аврупоӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико борҳо аз Теҳрон талаб кардаанд, ки ба ҷониби Русия аслиҳа, бахусус ҳавопаймоҳои бесаринишин, ки гӯё Маскав дар даргириҳо бо Киев истифода мекунад, интиқол надиҳад. Маскав ва Теҳрон ин иддаоро бепоя хонданд.
Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии исломӣ ба иддаои Ғарб дар мавриди иттиҳомоти бепояи Эрон аз сӯи кишварҳои ғарбӣ дар мавриди истифода аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини эронӣ дар даргириҳои Украина посух дод.