СААД мубориза бо бесарнишинҳоро тамрин мекунад

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкБарражирующий дрон-камикадзе "ZALA Ланцет"
Барражирующий дрон-камикадзе ZALA Ланцет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2023
Обуна шудан
Ҳадаф аз баргузории машқҳо такмили омодагии нерӯҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ барои сенарияҳои гуногун дар қаламрави кишварҳои узв мебошад
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Воҳидҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) размоиш барои нуҳуфта мондан аз ҳавопаймоҳои бесарнишинро баргузор карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти СААД иттилоъ дода, аз қавли фармондеҳи ситоди муштарак, генерал-полковник Анатолий Сидоров овардааст, ки воҳидҳо барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда, тамрин доранд.
Бо дарназардошти истифодаи фаъоли ҳавопаймоҳои бесарнишин дар муноқишаҳои мусаллаҳи муосир, таваҷҷӯҳи махсус ба мавзӯъҳои пинҳонмонӣ аз онҳо дода мешавад.
Иранский беспилотник Мохаджер 10 на выставке достижений оборонной промышленности Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2023
Аврупо хостори хариди бесарнишинҳои эронӣ шудааст
Ҳадаф аз баргузории тамринҳо беҳбуди омодагии нерӯҳои СААД ба сенарияҳои мухталифи амалиёт ва ҳамчунин таҳкими ҳамоҳангии кишварҳои узви ин созмон дар заминаи таъмини амнияту субот арзёбӣ гардид.
Тамрини мубориза бо бесарнишинҳо дар ҳоле мебошад, ки қаблан пешниҳод шуд, мавзӯи ҳавопаймоҳои бесарнишин ба барномаи таълимии тайёрии ибтидоии ҳарбӣ дар синфҳои болоии макотиби Русия дохил карда шавад.
Дар барномаи таҳсил гуфта мешавад, ки муҳассилин бояд дар бораи усулҳои истифодаи ҷангии ҳавопаймоҳои бесарнишин ва иктишоф тасаввурот дошта бошанд.
Инчунин, ба талабагони синфҳои болоӣ алгоритми кори бесарнишинҳои ҳариф омӯзонда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0