Дастаи "Истиқлол" дар аввалин бозияш дар Лигаи чемпионҳо на бурду на бохт

© ФФТБозии дастаи "Истиқлол"-и Душанбе бо чемпиони Қатар — дастаи "Ал-Дуҳайл"
Бозии дастаи Истиқлол-и Душанбе бо чемпиони Қатар — дастаи Ал-Дуҳайл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2023
Обуна шудан
Дастаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе дар Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё бозиашро бо дастаи "Ал-Дуҳайл" бозиро юо ҳисоби мусовӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Чемпиони Тоҷикистон — дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дар оғози марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2023/24 дар гурӯҳи "Е" бо чемпиони Қатар — дастаи "Ал-Дуҳайл" бозиро мусовӣ (0:0) намуд.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ин бозӣ 19 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор шуда, 17, 5 ҳазор тамошобинро ба ҳам овард.
"Истиқлол" дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ бо бошгоҳи "Ал-Наср"-и Арабистони Саудӣ, ки дар даври аввал бар "Персеполис"-и Эрон (2:0) пирӯз шуд, бозӣ менамояд.
Бозии "Ал-Наср" – "Истиқлол" 2 октябр дар варзишгоҳи "Ал-Аввал"-и шаҳри Риёз баргузор шуда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (23:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
Тренер Истиклол Игорь Черевченко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2023
"Истиқлол" дар "гурӯҳи марг": Черевченко гуфт, тамоми талошро барои пирӯзӣ мекунанд
Ёдовари мекунем, ки сармураббии бошгоҳи "Истиқлол" Игор Черевченко мегӯяд, ки ҳарифонашон дар марҳилаи аввали гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё хеле ҷидди ҳастанд.
Ӯ гуфт, ки талош барои пирӯзиро хоҳанд кард. Вай дар мавриди дастпарваронаш гуфт, ки онҳо таҷрибаи бозӣ дар Аврупо доранд ва ҳама омодаанд дар ин бозӣ ва дар ҳама бозиҳои минбаъда мубориза баранд.
Лентаи хабарҳо
0