Эрон аз толибон* хост то аз вуруди ғайриқонунии муҳоҷирон ҷилавгирӣ кунанд

© AFP 2023 / WAKIL KOHSARБоец Талибана стоит у шлагбаума
Боец Талибана стоит у шлагбаума  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2023
Обуна шудан
Муовини сафири Эрон дар Афғонистон дар дидор бо муовини вазири дохилаи толибон хост щукумати феъль назорату контроли худро бар марзҳои муштарак афзоиш диҳанд
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Муовини сифири Эрон дар шаҳри Кобул Сайид Ҳасани Муртазавӣ бо Мавлавӣ Муҳамад Набӣ Умрӣ муовини вазири дохилаи толибон* дидор кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба сафорати Эрон дар Афғонистон.
Ба иттилои манбаъ, тарафҳо дар хусуси заминаҳои мавриди алоқаи тарафайн ва ҳамкориҳои дуҷониба миёни Теҳрону Кобул гуфтугӯ ва табодули назар сурат гирифт.
Муртазавӣ бо ишора ба ҳаҷми қобили тавваҷуҳи тараддудҳои ғайриқонунии марзӣ аз Афғонистон ба самти Эрон аз мақомоти ин кишвари хост то назорат ва контроли худро бар марзҳои муштарак афзоиш дода, мубориза бо ҷараёни қочоқи инсон ва тараддудҳои ғайриқонуниро дар хоки Афғонистон ба иҷро бигузоранд.
Автомобильный завод Камаз, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2023
Ширкати “Камаз” ва “Татнафт” вориди бозори Афғонистон мешаванд
Умрӣ низ ба навба худ гуфт, толибҳо ба хубӣ огоҳ ҳастанд, ки Амрико ва бархе кишварҳои минтақа ва фароминтақаӣ аз равобити ҳасанаи байни Эрон ва Афғонистон нохурсанд ҳастанд ва хоҳони эҷоди таниш дар равобити ду ҷониба мебошанд ва дар ин масир бо истифода аз абзорҳои гуногун аз ҷумла расона ва фазои маҷозӣ дар садади эҷоди чолишу тақобул байни ду кишвар ҳастанд.
* — ин гурӯҳ ба далели фаъолиятҳои террористии таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0