Ширкати “Камаз” ва “Татнафт” вориди бозори Афғонистон мешаванд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкАвтомобильный завод "Камаз", архивное фото
Автомобильный завод Камаз, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2023
Обуна шудан
Вазорати хориҷаи Русия иддао дорад, ки ду ширкати бонуфузи ин кишвар “Камаз” ва “Татнафт” алоқаманди вуруд ба бозори Афғонистон ҳастанд
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, раиси идораи дувуми Осиёи вазорати умур хориҷа Замир Кобулов гуфт, ки ширкатҳои “Камаз” ва “Татнафт” алоқаманди вуруд ба бозор Афғонистон мебошанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
"Ширкатҳои Қазон – “Камаз” ва “Татнафт”, “KER – ҳўлдинг” ва ғайра - алоқаи худро барои вуруд ба бозори Афғонистон нишон медиҳанд", - гуфт Оқои Кобулов.
Ёдовар мешавем, ки ахиран сарпарасти вазорати хориҷаи Афғонистон Амирхон Муттақӣ бо сафири Русия дар Кобул гуфт, ки ҳамкориҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва ҳамаҷонибаи Афғонистону Русия баррасӣ кард.
Встреча Московского формата по Афганистану в Казани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2023
Тоҷикистон бо назардошти кумак ба Афғонистон тарҳҳои зерсохтро амалӣ мекунад
Муттақӣ дар ин дидор гуфт, ки Афғонистони алоқаманд ба густариши равобити сиёсӣ ва иқтисодии хуб бо Русия аст .
Муттақӣ таъкид кард, ки ҳеҷ таҳдиди амниятии ҷаддӣ дар Афғонистон вуҷӯд надорад ва ҳеҷ таҳдиде аз сӯйи Афғонистон барои соири кишварҳо вуҷуд надорад.
Сафири Русия низ дар ин дидор бар равобити наздики ду кишвар таъкид карда, омодагии кишварашро барои тақвияти ҳамкориҳо дар аксари заминаҳоро дар оянда баён кард.
Лентаи хабарҳо
0