Ҷудокорони 6 давлат барои Ҷоми президенти Тоҷикистон зӯр меозмоянд

© © Sputnik / Амир ИсаевСпортивный комплекс в Дангаре, архивное фото
Спортивный комплекс в Дангаре, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2023
Обуна шудан
Мақомоти бахши варзиши Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки соли равон мусобиқаи байналмилалии Ҷоми президенти ҷумҳуриро дар Данғара гузаронанд
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Мусобиқаи 10-уми байналмилалӣ ҷудо барои гирифтани Ҷоми президенти ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 4-5 октябр баргузор мешавад.
Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки барои дарёфти ҷоми президенти ҷумҳурӣ паҳлавонон аз 6 давлат сабқат мекунанд.
Дар феҳрасти давлатҳои хориҷие, ки намояндагонашон барои Ҷоми президенти Тоҷикистон дар риштаи ҷудо талош хоҳанд кард, аз ҷумла Русия, Эрон, Ӯзбекистон, Муғулистон ва Қазоқистон номбар карда шуданд.
Бозии Истиқлол бо Ал-Наср - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2023
"Истиқлол" натавонист "Ал-Наср" -ро мағлуб кунад
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон афзуд, ки макони баргузории мусобиқаи байналмилалӣ Маҷмааи варзишии ноҳияи Данғара интихоб гардидаст.
Ин зӯрозмоӣ аз рӯи 7 категорияи вазнӣ байни мардон, аз ҷумла 60 кг, 66 кг, 73 кг, 81 кг, 90 кг, 100 кг, +100 кг ва дар 3 вазн байни занон - 52 кг, 57 кг ва то 63 кг сурат мегирад.
Барои онҳое, ки ҷои аввал мегиранд, ҷоиза дар ҳаҷми 27,5 ҳазор сомонӣ, барои ҷои дуюм 16,5 ҳазор сомонӣ ва барои ҷои сеюм 11 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки мусобиқаи 9-уми байналмилалӣ дар риштаи ҷудо барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон 19-20 сентябри соли гузашта дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд. ​Мусобиқаи мазкур аз соли 2013 то ҳол мунтазам баргузор мегардад.
Лентаи хабарҳо
0