https://sputnik.tj/20231002/tasqdiq-taghyirot-kadri-sozishnoma-rusiya-1059747621.html
Тасдиқи тағйироти кадрӣ ва созишнома бо Русия дар парлумони Тоҷикистон
Тасдиқи тағйироти кадрӣ ва созишнома бо Русия дар парлумони Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон як қатор қонунҳо ва созишномаҳои байналмилалиро ба тасвиб расонд, ки бархеи онҳо марбути Русия мебошанд
2023-10-02T20:45+0500
2023-10-02T20:45+0500
2023-10-13T14:59+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
ҳамкорӣ
парлумон
русия
маҷлиси намояндагон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102234/65/1022346580_0:161:3069:1887_1920x0_80_0_0_896908ad19341683778ef9fc880588cf.jpg
ДУШАНБЕ, 2 окт – Sputnik. Вакилони мардумии Тоҷикистон созишнома бо ҳукумати Русия дар бораи реадмиссияро тасвиб карданд.Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки ҳамчунин протокол оид ба тартиби амалисозии созишномаи мазкур тасдиқ карда шуд. Дар феҳрасти санадҳои дигари тасдиқшуда, аз ҷумла протоколи тағйиру иловаҳо ба созишнома миёни Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои сарҳадӣ мебошад. Дар баробари ин созишномаҳо бо Туркманистон, Озарбойҷон ва як қатор қонунҳои дигар тасдиқ шудаанд, ки тафсилоти санадҳои тасвибшударо дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон зикр накардааст.Вакилони тоҷик ҳамчунин тағйироти кадриро тасдиқ карданд. Аз ҷумла собиқ раиси шаҳри Бӯстон, Мавсума Муинӣ, ки ахиран ба ҳайси вакил вориди парлумон шуд, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар бахши тартиботи ҳуқуқӣ, амният ва мудофиа интихоб гардид. Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳамчунин пешниҳоди президент дар мавриди тағйироти кадрӣ дар Палатаи ҳисобро тасвиб намуданд. Бо пешниҳоди раисҷумҳур ва ҷонибдории вакилон, Файзуллозода Холназар Тағоймурод аз мақоми сараудитори Палатаи ҳисоби Тоҷикистон бозхонд шуд. Таъйини ӯ ба ин мақом соли 2020 тасдиқ шуда буд.
https://sputnik.tj/20230828/general-polkovnik-rusiya-kafolat-amniyat-tojikiston-1059091272.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102234/65/1022346580_168:0:2899:2048_1920x0_80_0_0_1fb5e8d460dc07a93c912f55ae10612c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тасвиб, созишнома, тоҷикистон, русия
тасвиб, созишнома, тоҷикистон, русия
Тасдиқи тағйироти кадрӣ ва созишнома бо Русия дар парлумони Тоҷикистон
20:45 02.10.2023 (Навсозишуда: 14:59 13.10.2023) Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон як қатор қонунҳо ва созишномаҳои байналмилалиро ба тасвиб расонд, ки бархеи онҳо марбути Русия мебошанд
ДУШАНБЕ, 2 окт – Sputnik. Вакилони мардумии Тоҷикистон созишнома бо ҳукумати Русия дар бораи реадмиссияро тасвиб карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки ҳамчунин протокол оид ба тартиби амалисозии созишномаи мазкур тасдиқ карда шуд.
Дар феҳрасти санадҳои дигари тасдиқшуда, аз ҷумла протоколи тағйиру иловаҳо ба созишнома миёни Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои сарҳадӣ мебошад.
Дар баробари ин созишномаҳо бо Туркманистон, Озарбойҷон ва як қатор қонунҳои дигар тасдиқ шудаанд, ки тафсилоти санадҳои тасвибшударо дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон зикр накардааст.
Вакилони тоҷик ҳамчунин тағйироти кадриро тасдиқ карданд. Аз ҷумла собиқ раиси шаҳри Бӯстон, Мавсума Муинӣ, ки ахиран ба ҳайси вакил вориди парлумон шуд, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар бахши тартиботи ҳуқуқӣ, амният ва мудофиа интихоб гардид.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳамчунин пешниҳоди президент дар мавриди тағйироти кадрӣ дар Палатаи ҳисобро тасвиб намуданд.
Бо пешниҳоди раисҷумҳур ва ҷонибдории вакилон, Файзуллозода Холназар Тағоймурод аз мақоми сараудитори Палатаи ҳисоби Тоҷикистон бозхонд шуд. Таъйини ӯ ба ин мақом соли 2020 тасдиқ шуда буд.