https://sputnik.tj/20230828/general-polkovnik-rusiya-kafolat-amniyat-tojikiston-1059091272.html
Махфӣ нест: Генерал-полковник силоҳи ҳастаии Русияро кафили амнияти Тоҷикистон низ хонд
Махфӣ нест: Генерал-полковник силоҳи ҳастаии Русияро кафили амнияти Тоҷикистон низ хонд
Sputnik Тоҷикистон
Сардори ситоди муштараки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ зимни шарҳи вазъи амниятии Тоҷикистон гуфт, мардуми он метавонанд осуда бошанд
2023-08-28T16:59+0500
2023-08-28T16:59+0500
2023-08-28T19:47+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
русия
созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ
белорус
марз
ҳастаӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102685/07/1026850755_0:2:1268:715_1920x0_80_0_0_42e9732f638e40116449a9eff36bc940.jpg
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳама чиз хуб хоҳад буд, мардум метавонанд осуда кору зиндагӣ кунанд, изҳор дошт сардори ситоди муштараки СААД генерал-полковник Анатолий Сидоров. Ӯ зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар доираи СААД кишварҳои узвро уҳдадориҳо дар сурати таҷовузи берунӣ ба ҳамдигар пайванд мекунад. Генерал гуфт, ин нукта дар созишнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ ва оинномаи СААД таъкид гардидааст, ки дар дастраси омма қарор доранд. Вай таъкид намуд, ки чораандешиҳо сурат мегиранд ва дар сурати таҳдидҳои амниятӣ нақшаҳо низ мавҷуданд, аммо ин масъалаҳо дар ҳузури расонаҳо оммавӣ баррасӣ намегарданд. "Дар санадҳои зикршудаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ гуфта шудааст, ки силоҳи ҳастаии Русия кафолати амнияти ҳамаи кишварҳои узви созмон мебошад", - таъкид намуд ӯ. Вай изҳор дошт, ки ин ҷо ҳеч сирре нест ва ин дар нукта дар созишномаҳои СААД айнан омадааст. Сидоров ҳамчунин таъкид намуд, ки нерӯҳои низомии Тоҷикистон фаъолият доранд, солҳои охир таҷҳизоти онҳо таҳким ёфтааст ва чораандешӣ дар ин самт аз ҷониби СААД идома дорад. Феълан, кишварҳои узви СААД Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус ва Арманистон мебошанд.
https://sputnik.tj/20230828/saad-marzi-tojikiston-afghoniston-1059089555.html
русия
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102685/07/1026850755_156:0:1113:718_1920x0_80_0_0_34d3d98d5216956e126726d77193d6bd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аслиҳа, силоҳ, кафил, амният, тоҷикистон, саад
аслиҳа, силоҳ, кафил, амният, тоҷикистон, саад
Махфӣ нест: Генерал-полковник силоҳи ҳастаии Русияро кафили амнияти Тоҷикистон низ хонд
16:59 28.08.2023 (Навсозишуда: 19:47 28.08.2023) Сардори ситоди муштараки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ зимни шарҳи вазъи амниятии Тоҷикистон гуфт, мардуми он метавонанд осуда бошанд
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳама чиз хуб хоҳад буд, мардум метавонанд осуда кору зиндагӣ кунанд, изҳор дошт сардори ситоди муштараки СААД генерал-полковник Анатолий Сидоров.
Ӯ зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар доираи СААД кишварҳои узвро уҳдадориҳо дар сурати таҷовузи берунӣ ба ҳамдигар пайванд мекунад.
Генерал гуфт, ин нукта дар созишнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ ва оинномаи СААД таъкид гардидааст, ки дар дастраси омма қарор доранд.
Вай таъкид намуд, ки чораандешиҳо сурат мегиранд ва дар сурати таҳдидҳои амниятӣ нақшаҳо низ мавҷуданд, аммо ин масъалаҳо дар ҳузури расонаҳо оммавӣ баррасӣ намегарданд.
"Дар санадҳои зикршудаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ гуфта шудааст, ки силоҳи ҳастаии Русия кафолати амнияти ҳамаи кишварҳои узви созмон мебошад", - таъкид намуд ӯ.
Вай изҳор дошт, ки ин ҷо ҳеч сирре нест ва ин дар нукта дар созишномаҳои СААД айнан омадааст.
Сидоров ҳамчунин таъкид намуд, ки нерӯҳои низомии Тоҷикистон фаъолият доранд, солҳои охир таҷҳизоти онҳо таҳким ёфтааст ва чораандешӣ дар ин самт аз ҷониби СААД идома дорад.
Феълан, кишварҳои узви СААД Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус ва Арманистон мебошанд.