https://sputnik.tj/20231002/ishkoshim-gurg-sokin-mahall-hamla-1059721374.html
Дар Ишкошим гург ба сокини маҳаллӣ ҳамла кард
Дар Ишкошим гург ба сокини маҳаллӣ ҳамла кард
Sputnik Тоҷикистон
Ба сокини 48 – солаи ноҳияи Ишкошим гург дар назди хонаи истиқоматияш ҳамла кард ва ӯ ро аз дасташ ҷароҳатдор кард. Ҳамсояҳо мардро аз чангоми гург наҷот доданд
2023-10-02T11:08+0500
2023-10-02T11:08+0500
2023-10-02T11:19+0500
дар тоҷикистон
кҳф
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
гург
ишкошим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102844/55/1028445546_0:100:3287:1948_1920x0_80_0_0_4de4cb4a81dd290a469c342d92a9a74a.jpg
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон марди 48 – сола, сокини маҳаллӣ мавриди ҳамлаи ҳайвони ваҳшӣ қарор гирифт.Бар хабари дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ба сокини деҳаи Яхшивули ноҳияи Ишкошим гург дар назди ҳавлияш ҳамла кард.Манбаъ афзуд, ки ба кумаки ӯ ҳамсояҳо шитофтанд ва аз сар задани ҳодисаи нохуш ҷилавгирӣ карданд.Бо вуҷуди ин гург мардро аз қисмати дасташ газид ва ҳоло ӯ дар бемористон қарор дорад. Табибон вазъи саломатияшро муътадил арзёбӣ мекунанд.КҲФ дар робита ба ин ҳодиса чанд тавсия ироа намудааст, ки ҳангоми дучори ҳамлаи гург шудан ба кор меоянд.Нахустин тавсияе, ки Кумита ироа намудааст, ин ҳангоми дучор шудан ба гург бояд оромиро нигоҳ дошт.Ҳангоми вохӯрдан ба гург пушт гардон аз ӯ тавсия дода намешавад. Дар ин сурат агар имкон даст дод, ақибнишинӣ бояд кард ва ё ба болои ягон дарахти дар наздикибуда баромад.Аз ҳаргуна ҳаракатҳои ногаҳонӣ даст бояд кашид, зеро гург метавонад ҳар гуна ишораро ҳамчун даъват ба ҷанг қабул кунад.Ба чашми гург нигоҳ накарданд, даруни об даромадан низ аз тавсияҳои ин ниҳод мебошанд.Манбаъ мегӯяд, дар сурати силоҳ доштан ҳатман онро бояд бардошт ва агар силоҳ набошад пас бо сангу чӯб аз худ дифоъ бояд кард
https://sputnik.tj/20230114/hamla-gurg-chorvo-sokinon-mastchoh-video-1054208955.html
ишкошим
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102844/55/1028445546_277:0:3008:2048_1920x0_80_0_0_07d052eacc38064b735a9584f374afcc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ишкошим гург
Дар Ишкошим гург ба сокини маҳаллӣ ҳамла кард
11:08 02.10.2023 (Навсозишуда: 11:19 02.10.2023) Ба сокини 48 – солаи ноҳияи Ишкошим гург дар назди хонаи истиқоматияш ҳамла кард ва ӯ ро аз дасташ ҷароҳатдор кард. Ҳамсояҳо мардро аз чангоми гург наҷот доданд
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон марди 48 – сола, сокини маҳаллӣ мавриди ҳамлаи ҳайвони ваҳшӣ қарор гирифт.
Бар хабари дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ба сокини деҳаи Яхшивули ноҳияи Ишкошим гург дар назди ҳавлияш ҳамла кард.
Манбаъ афзуд, ки ба кумаки ӯ ҳамсояҳо шитофтанд ва аз сар задани ҳодисаи нохуш ҷилавгирӣ карданд.
Бо вуҷуди ин гург мардро аз қисмати дасташ газид ва ҳоло ӯ дар бемористон қарор дорад. Табибон вазъи саломатияшро муътадил арзёбӣ мекунанд.
КҲФ дар робита ба ин ҳодиса чанд тавсия ироа намудааст, ки ҳангоми дучори ҳамлаи гург шудан ба кор меоянд.
Нахустин тавсияе, ки Кумита ироа намудааст, ин ҳангоми дучор шудан ба гург бояд оромиро нигоҳ дошт.
Ҳангоми вохӯрдан ба гург пушт гардон аз ӯ тавсия дода намешавад. Дар ин сурат агар имкон даст дод, ақибнишинӣ бояд кард ва ё ба болои ягон дарахти дар наздикибуда баромад.
Аз ҳаргуна ҳаракатҳои ногаҳонӣ даст бояд кашид, зеро гург метавонад ҳар гуна ишораро ҳамчун даъват ба ҷанг қабул кунад.
Ба чашми гург нигоҳ накарданд, даруни об даромадан низ аз тавсияҳои ин ниҳод мебошанд.
Манбаъ мегӯяд, дар сурати силоҳ доштан ҳатман онро бояд бардошт ва агар силоҳ набошад пас бо сангу чӯб аз худ дифоъ бояд кард