https://sputnik.tj/20230114/hamla-gurg-chorvo-sokinon-mastchoh-video-1054208955.html
Ҳамлаи гургон ба чорвои сокинони Мастчоҳ - видео
Ҳамлаи гургон ба чорвои сокинони Мастчоҳ - видео
Sputnik Тоҷикистон
Сокинон дар ноҳияи Мастчоҳ, шоҳиди ҳамлаи як галаи гургҳо ба деҳоти ин ноҳия шудаанд. Хушбахтона касе аз сокинони маҳаллӣ осеб надиданд 14.01.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-01-14T20:00+0500
2023-01-14T20:00+0500
2023-01-14T21:26+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
мастчоҳ
гург
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1a/1032695335_0:48:3071:1775_1920x0_80_0_0_67d951178c6e7482467f00192e62aadc.jpg
ДУШАНБЕ, 14 янв – Sputnik. Барфрезии зиёд ва фарорасии сармои шадид, ҳатто хашми гургҳоро ба вуҷуд овардааст.Сокинони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд мегӯянд, шоми гузашта як галаи гургҳо, аз доманакӯҳҳо ба водиҳо фаромада, ба молу чорвои онҳо ҳамла кардаанд. Борбади Баҳромзода, як сокини ҷамоати деҳоти Мастчоҳ, ки шоҳиди ин ҳолат шудааст, тафсилоти ҳодисаро ба Sputnik Тоҷикистон чунин нақл кард:Ин сокини Мастчоҳ гуфт, хонаи онҳо дар маҳаллаи Азизобод воқеъ аст ва хушбахтона бар асари ҳамлаи гургҳо ба мурғу гӯсфанд ва дигар чорвои сокинон осеб нарасидааст.Дар ин миён танҳо ду сагбачае, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш таваллуд шуданд, кушта шуданд ва модари онҳо дар вақти ҳимоя аз чанд ҷояш захмӣ гардидааст. Ҳамлаи хунини галлаи гургҳо дар ВМКБ: маслиҳати мақомот ба мардумБаъзе дигар аз сокинон ноҳияи Масчоҳ ҳам галаи гургҳоро дар роҳу кӯчаҳои ҳудуди ноҳия мушоҳида карданд. Аз видеое, ки сокинон барои Sputnik Тоҷикистон ирсол намудаанд, дида мешавад, ки барфрезии зиёд ва сармои шадид гургҳоро дар роҳи дарёфти ғизо хашмгин кардааст ва онҳо аз доманакӯҳҳо ба водиҳо то ба назди манзили сокинон фаромадаанд.Ба ин далел, мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Мастчоҳ ба сокинон ҳушдор додаанд, ки аз эҳтиёт кор гиранд ва бидуни зарурат, ба танҳоӣ ба саҳрову теппаҳо нараванд ва дари оғилхонаҳоро маҳкам бастанд.Аз ҳукумати ноҳияи Мааасчтоҳ гуфтанд, ки барои пешгирӣ аз ҳамлаи гургон шикори онҳо оғоз шудааст.Бино ба тадқиқоти обуҳавосанҷон эҳтимол меравад, сармои шадид то рӯзҳои 20 январ давом кунад.
мастчоҳ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1a/1032695335_50:0:2781:2048_1920x0_80_0_0_9ed79bd35eba96e0df72cd5621410d4a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, мастчоҳ, гург
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, мастчоҳ, гург
Ҳамлаи гургон ба чорвои сокинони Мастчоҳ - видео
20:00 14.01.2023 (Навсозишуда: 21:26 14.01.2023) Эксклюзив
Сокинон дар ноҳияи Мастчоҳ, шоҳиди ҳамлаи як галаи гургҳо ба деҳоти ин ноҳия шудаанд. Хушбахтона касе аз сокинони маҳаллӣ осеб надиданд
ДУШАНБЕ, 14 янв – Sputnik. Барфрезии зиёд ва фарорасии сармои шадид, ҳатто хашми гургҳоро ба вуҷуд овардааст.
Сокинони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд мегӯянд, шоми гузашта як галаи гургҳо, аз доманакӯҳҳо ба водиҳо фаромада, ба молу чорвои онҳо ҳамла кардаанд.
Борбади Баҳромзода, як сокини ҷамоати деҳоти Мастчоҳ, ки шоҳиди ин ҳолат шудааст, тафсилоти ҳодисаро ба Sputnik Тоҷикистон чунин нақл кард:
"Шаб соати тақрибан 22:00 буд, ки саги ҳамсоя бо овози баланд фарёд мезад. Дар ин ҳолат мо берун шудем ва дидем, ки гургҳо то замоне, ки ба мурғу дигар чорво ҳамла кунанд бо саг бархӯрдаанд. Дар ин миён чароғи ҳамсоя равшан шуд ва гургҳо гурехтанд”, – гуфт Баҳромзода.
Ин сокини Мастчоҳ гуфт, хонаи онҳо дар маҳаллаи Азизобод воқеъ аст ва хушбахтона бар асари ҳамлаи гургҳо ба мурғу гӯсфанд ва дигар чорвои сокинон осеб нарасидааст.
Дар ин миён танҳо ду сагбачае, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш таваллуд шуданд, кушта шуданд ва модари онҳо дар вақти ҳимоя аз чанд ҷояш захмӣ гардидааст.
Баъзе дигар аз сокинон ноҳияи Масчоҳ ҳам галаи гургҳоро дар роҳу кӯчаҳои ҳудуди ноҳия мушоҳида карданд.
Аз видеое, ки сокинон барои Sputnik Тоҷикистон ирсол намудаанд, дида мешавад, ки барфрезии зиёд ва сармои шадид гургҳоро дар роҳи дарёфти ғизо хашмгин кардааст ва онҳо аз доманакӯҳҳо ба водиҳо то ба назди манзили сокинон фаромадаанд.
Ба ин далел, мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Мастчоҳ ба сокинон ҳушдор додаанд, ки аз эҳтиёт кор гиранд ва бидуни зарурат, ба танҳоӣ ба саҳрову теппаҳо нараванд ва дари оғилхонаҳоро маҳкам бастанд.
Аз ҳукумати ноҳияи Мааасчтоҳ гуфтанд, ки барои пешгирӣ аз ҳамлаи гургон шикори онҳо оғоз шудааст.
Бино ба тадқиқоти обуҳавосанҷон эҳтимол меравад, сармои шадид то рӯзҳои 20 январ давом кунад.