Дар Тоҷикистон озмоишгоҳи созҳои миллии мусиқӣ таъсис ёфт

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанНародные музыкальные инструменты Таджикистана
Народные музыкальные инструменты Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2023
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон ба хотири омӯзиш, таҳқиқ, таъмир, таҷдид ва ба талаботи замони муосир мувофиқ сохтани созҳои миллии тоҷикӣозмоишгоҳ таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов озмоишгоҳи омӯзишӣ ҷиҳати таҳқиқ, таъмир ва тармими созҳои миллии мусиқӣ ба фаъолият шуруъ кард, иттилоъ додааст сомонаи “Ҷумҳурият”.
Ба иттилои манбаъ ҳамчунин, бо дастгирии Лоиҳаи "Рушди таҳсилоти олӣ" синфхонаи лингофонии муҷаҳҳаз бо технологияҳои нав мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре қайд карда шудааст, ҳадаф аз таъсиси озмоишгоҳ, ҷалби муҳаққиқон ва устоҳои бомаҳорати созҳои халқӣ баҳри омӯзиш, таҳқиқ, таъмир, таҷдид ва ба талаботи замони муосир мувофиқ сохтани созҳои миллии тоҷикӣ мебошад.
Тибқи иттилои сомонаи “Википедия” созҳои мусиқӣ яке аз дастовардҳои тамаддуни инсонӣ ба ҳисоб рафта, сатҳи рушди фарҳанги ҳар як миллатро инъикос менамоянд.
Постановка в театре. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд соҳиби ду ҷоизаи байналмилалӣ шуд
Созҳои мусиқии мардуми тоҷикро олим, мусиқидон ва муҳаққиқи барҷаста В. Беляев ба ду гурӯҳи асосӣ тақсим намудааст: Созҳои мусиқии кӯҳистони тоҷик, ки аз ҷиҳати навъу намуд бисёр нестанд ва аз лиҳози сохт одӣ мебошанд:
нафасӣ: тутак, қӯшнай (дунай);
торӣ: ғижжак, думбра, рубоби бадахшонӣ.
зарбӣ: доира, таблак.
Созҳои мусиқии тоҷик, ки дар байни аҳолии водиҳо ва шаҳрҳо маълуманд:
нафасӣ: дунай (қӯшнай), най, сурнай, карнай;
торӣ: ғижжак, дутор, танбӯр, рубоб, чанг;
зарбӣ: доира, қайроқ, нақора.
Созҳои мусиқии мардуми тоҷик дар айни замон аз рӯи хусусиятҳои иҷро, сохт ва тарзи садодиҳӣ ба гурӯҳҳои торию мизробӣ, торию камонӣ, торию зарбӣ, нафасӣ ва зарбӣ ҷудо мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0