https://sputnik.tj/20220419/teatri-musiqi-mazhakavii-khujand-joizai-baynalmilali-1047758802.html
Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд соҳиби ду ҷоизаи байналмилалӣ шуд
Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд соҳиби ду ҷоизаи байналмилалӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мазҳакаи “Табиби паррон”-и Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд дар Фестивали VIII байналмилалии театрии “Киштии Смоленск”, соҳиби ду ҷоизаи байналмилалӣ шуд
2022-04-19T09:45+0500
2022-04-19T09:45+0500
2022-04-19T09:45+0500
дар тоҷикистон
театр
фарҳанг
ҷоизаи байналмилалӣ гирифтан
хуҷанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101760/92/1017609269_0:0:3105:1748_1920x0_80_0_0_59ec693359d528c2ce1491ed478a0492.jpg
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Мазҳакаи “Табиби парон”-и ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд дар Фестивали VIII байналмилалии театрии “Киштии Смоленск” аз миёни 22 театри дунё соҳиби ду ҷоизаи байналмилалӣ гардид.Ҷоизаҳо ба театри Хуҷанд “Барои талфиқи возеҳи анъанаҳои театрии миллӣ ва ҷаҳонӣ” ва “Барои иҷрои бомаҳорати нақши асосии мусиқӣ” супурда шуданд.Дар Фестивали VIII байналмилалӣ миёни як дигар 22 театр аз 6 кишвари дунё, аз ҷумла Корея, Шветсия, Латвия, Тоҷикистон, Русия ва Беларус рақобат карданд.“Ҳунармандони мо соҳиби ду ҷоиза барои намоиши беҳтарин ва мусиқии беҳтарин гардиданд. Ҷоизаи намоиши беҳтаринро барои он ба ҳунармандони мо тақдим намуданд, ки ин намоиш аз рӯи пйесаи Жан-Батист Молйер бо забони русӣ ва бо услуби хоси миллию либосҳои тоҷикона дар саҳна иҷро гардид”, - гуфт Эҳсон Ҳомидов, мудири Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд.Ҳамзамон ӯ қайд кардааст, ҷоизаи мусиқии беҳтарин барои иҷрои сози доира, ки аз ҷониби ҳунарманди Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд Қаҳрамон Бобоев иҷро шуд, лоиқ дониста шуд.Ёдрас менамоем, ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд бо намоиши “Табиби паррон” аз 2 то 10 апрел дар Фестивали VIII байналмилалии театрии “Киштии Смоленск”, ки дар шаҳри Смоленски Русия баргузор шуд, иштирок карданд.Фестивали мазкур дар ду сол як бор баргузор гардида, нахустин бор соли 2008 барпо шуда буд.
https://sputnik.tj/20220409/safari-hunarmandoni-teatri-davlatii-lukhtaki-zbekiston-1047505969.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101760/92/1017609269_135:0:2866:2048_1920x0_80_0_0_49491508b6011c8251cbea8b9ebb879b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, театр, хуҷанд, баранда, ҷоиза, смоленск, русия
тоҷикистон, театр, хуҷанд, баранда, ҷоиза, смоленск, русия
Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд соҳиби ду ҷоизаи байналмилалӣ шуд
Мазҳакаи “Табиби парон”-и Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд дар Фестивали VIII байналмилалии театрии “Киштии Смоленск” соҳиби ду ҷоизаи байналмилалӣ шуд
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Мазҳакаи “Табиби парон”-и ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд дар Фестивали VIII байналмилалии театрии “Киштии Смоленск” аз миёни 22 театри дунё соҳиби ду ҷоизаи байналмилалӣ гардид.
Ҷоизаҳо ба театри Хуҷанд “Барои талфиқи возеҳи анъанаҳои театрии миллӣ ва ҷаҳонӣ” ва “Барои иҷрои бомаҳорати нақши асосии мусиқӣ” супурда шуданд.
Дар Фестивали VIII байналмилалӣ миёни як дигар 22 театр аз 6 кишвари дунё, аз ҷумла Корея, Шветсия, Латвия, Тоҷикистон, Русия ва Беларус рақобат карданд.
“Ҳунармандони мо соҳиби ду ҷоиза барои намоиши беҳтарин ва мусиқии беҳтарин гардиданд. Ҷоизаи намоиши беҳтаринро барои он ба ҳунармандони мо тақдим намуданд, ки ин намоиш аз рӯи пйесаи Жан-Батист Молйер бо забони русӣ ва бо услуби хоси миллию либосҳои тоҷикона дар саҳна иҷро гардид”, - гуфт Эҳсон Ҳомидов, мудири Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд.
Ҳамзамон ӯ қайд кардааст, ҷоизаи мусиқии беҳтарин барои иҷрои сози доира, ки аз ҷониби ҳунарманди Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд Қаҳрамон Бобоев иҷро шуд, лоиқ дониста шуд.
Ёдрас менамоем, ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд бо намоиши “Табиби паррон” аз 2 то 10 апрел дар Фестивали VIII байналмилалии театрии “Киштии Смоленск”, ки дар шаҳри Смоленски Русия баргузор шуд, иштирок карданд.
Фестивали мазкур дар ду сол як бор баргузор гардида, нахустин бор соли 2008 барпо шуда буд.