Тоҷикистон бо назардошти кумак ба Афғонистон тарҳҳои зерсохтро амалӣ мекунад

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкВстреча Московского формата по Афганистану в Казани
Встреча Московского формата по Афганистану в Казани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2023
Обуна шудан
Сардори Раёсати тадқиқоти стратегии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон таъкид кард, ки ҷумҳурӣ даъватҳои кӯмак ба мардуми Афғонистонро комилан дастгирӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Тоҷикистон бо иҷрои тарҳҳои зерсохторӣ талош дорад, ба Афғонистон барои раҳоӣ аз бӯҳрон кумак намояд.
Дар ин бора сардори Раёсати тадқиқоти стратегии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон Шараф Раҳимӣ дар нишасти формати Маскав дар шаҳри Қазон изҳор дошт.
"Тоҷикистон бо татбиқи аксари лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика, рушди алоқаи нақлиётӣ ва нерӯгоҳҳои барқӣ талош дорад, ки барои барқарор ва ба эътидол овардани ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон шароити мусоид фароҳам созад", - изҳор дошт Раҳимӣ.
Сардори Раёсати тадқиқоти стратегии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид кард, ки ҷумҳурӣ ба даъватҳои кӯмак ба мардуми кишвари ҳамсоя комилан шарик аст.
Автомобильной дорога Куляб-Хорог-Кульма-Китай от села Йогед до центра Дарвозского района - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2023
Душанбе нигарониҳояшро дар мавриди Афғонистон баён дошт
Ба гуфтаи ӯ, вазъи кунунии бахши иқтисод ва иҷтимоӣ Афғонистон комилан хароб аст.
"Иқтисоди Афғонистон қариб фалаҷ шудааст, вазъи иҷтимоии аҳолӣ бадтар мешавад, бекорӣ ва фақр дар ҳоли афзоиш аст, аксарияти аҳолӣ воқеан дар зери хатти фақр ва гуруснагӣ қарор доранд”, - қайд кард Шараф Раҳимӣ.
Ёдовар мешавем, ки дар Қазон 5-умин нишасти “формати Маскав” ҷараён дорад, ки дар он як қатор кишварҳо масъалаи ҳалли низои Афғонистонро баррасӣ мекунанд.
Аз Афгонистон хайати вакилони Толибон* бо роҳбарии сарпарасти вазири корҳои хориҷии ҳукумати муваккати Толибон* Амирхон Муттақӣ иштирок дошт.
Дар ин нишаст аз Тоҷикистон сардори шӯъбаи тадқиқоти стратегӣ Шараф Раҳимӣ ширкат дошт.
* - Ташкилот барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0