https://sputnik.tj/20231001/khonaho-baroi-osebdidagoni-sadama-dar-kulob-to-oghozi-zimiston-supurda-meshavand-1059707448.html
Хонаҳо барои осебдидагони садама дар Кӯлоб то оғози зимистон супурда мешаванд
Хонаҳо барои осебдидагони садама дар Кӯлоб то оғози зимистон супурда мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Бо супориши президент ба осебдидагони садама дар Кӯлоб манзили истиқоматии нав бунёд мешавад, ки ба онҳо то оғози зимистон пурра ба истифода дода мешаванд
2023-10-01T14:12+0500
2023-10-01T14:12+0500
2023-10-01T14:12+0500
дар тоҷикистон
садама
кӯлоб
хона
осебдидагон
зимистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1c/1053118298_0:0:2883:1623_1920x0_80_0_0_345d3f48c0ff11a132832efaf208dd17.jpg
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ахиран аз рафти бунёди хонаҳои истиқоматӣ барои оилаҳои осебдида за садамаи мудҳиш дидан кард, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.Ёдовар мешавем, ки тибқи дастуру супоришҳои раисҷумҳури кишвар саривақт барои оилаҳои осебдида қитъаҳои замин ҷудо гардида, сохтмони хонаҳо бо маром идома дорад.Раиси шаҳри Кӯлоб зимни боздид ба масъулин ва сохтмончиён дастур дод, ки бояд ин хонаҳо дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд ба истифода дода шаванд.Вай ҳамчунин дастур додааст, ки сохтмончиён ба сифати маҳсулот диққати ҷиддӣ диҳанд ва тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шаванд.Қайд карда шудааст, ки то кунун дар бархе аз хонаҳо корҳои болопӯшӣ, дару тиреза ва дигар корҳои васлу насб ба итмом расида, тибқи нақшаи тасдиқгардида дар муҳлатҳои муайянгардида ба соҳибонашон тақдим карда мешаванд.Ёдовари мешавем, ки садамаи пурқурбонӣ дар Кӯлоб шоми 6-уми август рух дод. Мошини боркаш, бар асари аз кор мондани дастгоҳи тормоз хонаҳо, худравҳо ва сокинонро зер намуд.Дар натиҷаи ин фоҷиа 10 нафар ба ҳалокат расида, 13 нафар маҷруҳ шуданд.Инчунин чандин хонаю мошин хароб гардиданд. Мақомот мегӯянд, ба 7 нафар аз зарардидагон, ки мошинашон осеб дид, мошинҳои нав дода шуданд.
https://sputnik.tj/20230820/oghoz-sokhtmon-khona-osebdida-sadama-kulob-1058935143.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1c/1053118298_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_d413bda5442e10dd5ba9d1c0ae7e7313.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кӯлоб, осебдидагон, хона, зимистон, ба истифода дода мешавад, супориш
тоҷикистон, кӯлоб, осебдидагон, хона, зимистон, ба истифода дода мешавад, супориш
Хонаҳо барои осебдидагони садама дар Кӯлоб то оғози зимистон супурда мешаванд
Бо супориши президент ба осебдидагони садама дар Кӯлоб манзили истиқоматии нав бунёд мешавад, ки ба онҳо то оғози зимистон пурра ба истифода дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ахиран аз рафти бунёди хонаҳои истиқоматӣ барои оилаҳои осебдида за садамаи мудҳиш дидан кард, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Ёдовар мешавем, ки тибқи дастуру супоришҳои раисҷумҳури кишвар саривақт барои оилаҳои осебдида қитъаҳои замин ҷудо гардида, сохтмони хонаҳо бо маром идома дорад.
Раиси шаҳри Кӯлоб зимни боздид ба масъулин ва сохтмончиён дастур дод, ки бояд ин хонаҳо дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд ба истифода дода шаванд.
Вай ҳамчунин дастур додааст, ки сохтмончиён ба сифати маҳсулот диққати ҷиддӣ диҳанд ва тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шаванд.
Қайд карда шудааст, ки то кунун дар бархе аз хонаҳо корҳои болопӯшӣ, дару тиреза ва дигар корҳои васлу насб ба итмом расида, тибқи нақшаи тасдиқгардида дар муҳлатҳои муайянгардида ба соҳибонашон тақдим карда мешаванд.
Ёдовари мешавем, ки садамаи пурқурбонӣ дар Кӯлоб шоми 6-уми август рух дод. Мошини боркаш, бар асари аз кор мондани дастгоҳи тормоз хонаҳо, худравҳо ва сокинонро зер намуд.
Дар натиҷаи ин фоҷиа 10 нафар ба ҳалокат расида, 13 нафар маҷруҳ шуданд.
Инчунин чандин хонаю мошин хароб гардиданд. Мақомот мегӯянд, ба 7 нафар аз зарардидагон, ки мошинашон осеб дид, мошинҳои нав дода шуданд.