https://sputnik.tj/20230820/oghoz-sokhtmon-khona-osebdida-sadama-kulob-1058935143.html
Оғози сохтмони хонаҳо барои осебдидаҳои садама дар Кӯлоб
Оғози сохтмони хонаҳо барои осебдидаҳои садама дар Кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Хатлон дар доираи сафари корияш ба Кӯлоб аз майдони сохтмони хонаҳо барои ҷабрдидаҳо боздид намуда, ба оилаҳои ҷабрдида сабру таҳаммул хост
2023-08-20T17:25+0500
2023-08-20T17:25+0500
2023-08-20T17:25+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
хона
сохтмон
садама
кӯлоб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040337297_0:28:3000:1716_1920x0_80_0_0_a60b887ef9ef90996d77a5fd68541808.jpg
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Чор оилаи зарардида дар садамаи мудҳиш дар шаҳри Кӯлоб соҳиби хонаҳои нав мешаванд, иттилоъ дод дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон. Ба иттилои манбаъ, раиси Хатлон, Давлаталӣ Саид аз шаҳри Кӯлоб боздид намуда, дар оғози сохтмони манзили истиқоматии 4 оила, ки хонаҳояш дар фоҷиаи нақлиётӣ тахриб шуданд, иштирок намуд. Маълумот дода шуд, ки хонаҳои мазкур аз тарафи ҳукумати вилояти Хатлону шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаи Дӯстӣ бунёд мегарданд. Раиси вилоят хостори истифодаи маҳсулоти босифат шуда, таъкид намудаст, ки корҳо бояд вусъат ёбанд, чун тирамоҳ наздик омадааст. Давлаталӣ Саид ба зарардидаҳою оилаҳои қурбониён сабру таҳаммул хоста, таъкид намудаст, ки ҳеҷ вақт худро танҳо ҳис накунанд, зеро давлату ҳукумати ҷумҳурӣ дар канорашон ғамхорӣ хоҳанд кард. Садамаи пурқурбонӣ дар Кӯлоб шоми 6-уми август рух дод. Мошини боркаш, бар асари аз кор мондани дастгоҳи тормоз хонаҳо, худравҳо ва сокинонро зер намуд. Дар натиҷаи ин фоҷиа 10 нафар ба ҳалокат расида, 13 нафар маҷруҳ шуданд. Инчунин чандин хонаю мошин хароб гардиданд. Мақомот мегӯянд, ба 7 нафар аз зарардидагон, ки мошинашон осеб дид, мошинҳои нав дода шуданд.
https://sputnik.tj/20230817/hukumat-kulob-holi-zakhmiyon-zarardidagon-sadamai-1058874289.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040337297_205:0:2872:2000_1920x0_80_0_0_5e16a3884ae5852f560bfabba8282dc3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хонахароб, соҳиб, манзил, нав, кӯлоб
хонахароб, соҳиб, манзил, нав, кӯлоб
Оғози сохтмони хонаҳо барои осебдидаҳои садама дар Кӯлоб
Раиси вилояти Хатлон дар доираи сафари корияш ба Кӯлоб аз майдони сохтмони хонаҳо барои ҷабрдидаҳо боздид намуда, ба оилаҳои ҷабрдида сабру таҳаммул хост
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Чор оилаи зарардида дар садамаи мудҳиш дар шаҳри Кӯлоб соҳиби хонаҳои нав мешаванд, иттилоъ дод дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон.
Ба иттилои манбаъ, раиси Хатлон, Давлаталӣ Саид аз шаҳри Кӯлоб боздид намуда, дар оғози сохтмони манзили истиқоматии 4 оила, ки хонаҳояш дар фоҷиаи нақлиётӣ тахриб шуданд, иштирок намуд.
Маълумот дода шуд, ки хонаҳои мазкур аз тарафи ҳукумати вилояти Хатлону шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаи Дӯстӣ бунёд мегарданд. Раиси вилоят хостори истифодаи маҳсулоти босифат шуда, таъкид намудаст, ки корҳо бояд вусъат ёбанд, чун тирамоҳ наздик омадааст.
Давлаталӣ Саид ба зарардидаҳою оилаҳои қурбониён сабру таҳаммул хоста, таъкид намудаст, ки ҳеҷ вақт худро танҳо ҳис накунанд, зеро давлату ҳукумати ҷумҳурӣ дар канорашон ғамхорӣ хоҳанд кард.
Садамаи пурқурбонӣ дар Кӯлоб шоми 6-уми август рух дод. Мошини боркаш, бар асари аз кор мондани дастгоҳи тормоз хонаҳо, худравҳо ва сокинонро зер намуд.
Дар натиҷаи ин фоҷиа 10 нафар ба ҳалокат расида, 13 нафар маҷруҳ шуданд.
Инчунин чандин хонаю мошин хароб гардиданд. Мақомот мегӯянд, ба 7 нафар аз зарардидагон, ки мошинашон осеб дид, мошинҳои нав дода шуданд.