Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Ҷанг дар фазои Украина: Ҷангандаи Су-35С ҳавопаймои ҷангии украиниро нобуд кард - видео

Обуна шудан
Ҳадаф вақте, ошкор шуд, ки халабонҳои нерӯҳои кайҳонии Русия дар доираи амалиёт вижа як минтақаи муайянро назорат мекард
Вазорати дифои Русия ахиран хабар дод, ки ҷангандаи Су-35С-и нерӯҳои ҳавоии Русия як ҳавопаймои украиниро дар як набарди ҳавоӣ нобуд кард.
Онҳо тавзеҳ доданд, ки ҳангоми иҷрои супоришҳои ҷангӣ дар чаҳорчӯби дифои ҳавоӣ ҳавопаймои Су-35С як минтақаи муайянро посбонӣ мекард.
"Ҳангоми парвози навбатӣ халабонҳои рус сари вақт як ҳавопаймои душманро ошкор ва нобуд карданд", - гуфт вазорати дифои Русия
Тахриби анбори муҳимоти ҷангии Украина - видео
Вазорати дифоъ видеои амалиёти ҷангии Су-35С, аз ҷумла наворҳои партоби мушакҳо аз ҳавопайморо нашр кард.
Тавре ахиран вазорати дифои Русия хабар дод, дар давоми 24 соати охир нерӯҳои ҳавоӣ, мушакӣ ва тӯпхонаии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ба нерӯи украинӣ ва техникаи онҳо зарба задаанд.
Ҳамчунин, низомиёни Русия се анбори муҳимоти ҷангии артиши Украина дар вилояти Херсон ва Ҷумҳурии Мардумии Донетскро аз байн бурданд.
Медеведев гуфт, чанд нафар ихтиёран ба артиши Русия пайвастанд
Дар давоми 24 соати охир системаҳои дифои ҳавоии Русия 9 мушаки “Ураган” ва як мушаки HIMARS-и сохти амрикоиро нобуд карданд. 25 ҳавопаймои бесарнишини украинӣ низ ҳадаф қарор гирифтанд - ҳамаи онҳо нобуд карда шуданд.
Дар маҷмӯъ, аз оғози амалиёти вижа нерӯҳои Русия алакай 482 ҳавопаймо, 250 чархбол, 7277 паҳпод, 438 системаи дифои ҳавоӣ, 12218 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши душманро нобуд кардаанд, хабар медиҳад вазорати дифои Русия.
Лентаи хабарҳо
0