https://sputnik.tj/20230926/medevedev-ikhtiyoran-artish-rusiya-1059617134.html
Медеведев гуфт, чанд нафар ихтиёран ба артиши Русия пайвастанд
Медеведев гуфт, чанд нафар ихтиёран ба артиши Русия пайвастанд
Sputnik Тоҷикистон
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия дар ҷаласае бахшида такмил додани артиш аз ҳисоби ихтиёриён сухан ронда, аз сафараш ба минтақаи амалиёт қисса кард
2023-09-26T20:29+0500
2023-09-26T20:29+0500
2023-09-26T20:29+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дмитрий медведев
амният ва мудофиа
шаҳрвандон
дар русия
амалиёт
вижа
низомӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/08/1056321618_0:0:2732:1537_1920x0_80_0_0_eea1f5934492104afabf1b67e4ab8008.jpg
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Беш аз 325 ҳазор нафар тибқи қарордод аз 1 январ то 26 сентябри соли ҷорӣ ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия пазируфта шуданд.Дар ин бора муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев бо истинод ба маълумоти вазорати дифои кишвар иттилоъ дод. Ӯ зимни ҷаласа дар мавриди такмили нерӯҳои Русия аз ҳисоби ҷалби ихтиёриён тибқи қарордод, ҳамчунин гуфт, нимаи моҳи сентябр аз тамрингоҳи сарбозони қарордодӣ, ки дар Ҷумҳурии Халқии Донетск дар наздикии хатти ҷабҳа воқеъ аст, боздид кард. Медведев қайд кард, ки низомиёни Русия дар минтақаи амалиёти низомӣ сифатҳои аълои ҷангӣ, ирода, устуворӣ ва азми қавӣ барои пирӯзӣ нишон медиҳанд. "Ба Вазорати мудофиа барои кори босифат оид ба омодагии ҷангӣ ва ҳарбӣ-сиёсии ҳайати низомӣ, аз ҷумла оид ба масъалаҳои ҳамоҳангсозӣ, таъмини сатҳи баланди интизоми ҳарбӣ миннатдориямро баён мекунам", - гуфт ӯ. Ноиби раиси Шӯрои амнияти Русия ваъда додааст, ки корҳоро оид ба пурра намудани Қувваҳои Мусаллаҳ бо сарбозони шартномавӣ ва назорати омодагии ҷангӣ ва ҳарбӣ-сиёсии хизматчиёни ҳарбӣ идома медиҳанд. Қаблан раисҷумҳури Русия, Владимир Путин низ аз майли шаҳрвандон барои ихтиёран пайвастан ба сафи қувваҳои мусаллаҳ гуфта, афзуд, ки муваффақона аз уҳдаи иҷрои ҳадафҳои гузошташуда мебарояд.
https://sputnik.tj/20230926/shoygu-omor-talafot-artishi-ukraina-ifsho-1059612696.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/08/1056321618_1:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_e4ab627368452778eb92bcdb7a081521.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пайвастан, артиш, ихтиёрӣ, артиш, русия, ҷаласа
пайвастан, артиш, ихтиёрӣ, артиш, русия, ҷаласа
Медеведев гуфт, чанд нафар ихтиёран ба артиши Русия пайвастанд
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия дар ҷаласае бахшида такмил додани артиш аз ҳисоби ихтиёриён сухан ронда, аз сафараш ба минтақаи амалиёт қисса кард
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Беш аз 325 ҳазор нафар тибқи қарордод аз 1 январ то 26 сентябри соли ҷорӣ ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия пазируфта шуданд.
Дар ин бора муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев бо истинод ба маълумоти вазорати дифои кишвар иттилоъ дод.
Ӯ зимни ҷаласа дар мавриди такмили нерӯҳои Русия аз ҳисоби ҷалби ихтиёриён тибқи қарордод, ҳамчунин гуфт, нимаи моҳи сентябр аз тамрингоҳи сарбозони қарордодӣ, ки дар Ҷумҳурии Халқии Донетск дар наздикии хатти ҷабҳа воқеъ аст, боздид кард.
Медведев қайд кард, ки низомиёни Русия дар минтақаи амалиёти низомӣ сифатҳои аълои ҷангӣ, ирода, устуворӣ ва азми қавӣ барои пирӯзӣ нишон медиҳанд.
"Ба Вазорати мудофиа барои кори босифат оид ба омодагии ҷангӣ ва ҳарбӣ-сиёсии ҳайати низомӣ, аз ҷумла оид ба масъалаҳои ҳамоҳангсозӣ, таъмини сатҳи баланди интизоми ҳарбӣ миннатдориямро баён мекунам", - гуфт ӯ.
Ноиби раиси Шӯрои амнияти Русия ваъда додааст, ки корҳоро оид ба пурра намудани Қувваҳои Мусаллаҳ бо сарбозони шартномавӣ ва назорати омодагии ҷангӣ ва ҳарбӣ-сиёсии хизматчиёни ҳарбӣ идома медиҳанд.
Қаблан раисҷумҳури Русия, Владимир Путин низ аз майли шаҳрвандон барои ихтиёран пайвастан ба сафи қувваҳои мусаллаҳ гуфта, афзуд, ки муваффақона аз уҳдаи иҷрои ҳадафҳои гузошташуда мебарояд.