https://sputnik.tj/20230930/tojikistoniyon-zaminjunb-ehtimoli-omoda-mekunand-1059702756.html
Тоҷикистониёнро ба заминҷунбиҳои эҳтимолӣ омода мекунанд
Тоҷикистониёнро ба заминҷунбиҳои эҳтимолӣ омода мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, роҳандозии чунин омӯзишҳо имкон медиҳад, ки аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулода ва техногенӣ муҳофизат карда шавад
2023-09-30T16:31+0500
2023-09-30T16:31+0500
2023-09-30T16:31+0500
дар тоҷикистон
заминҷунбӣ
кҳф
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103154/48/1031544860_0:382:4184:2736_1920x0_80_0_0_7cf7ddda21ee65d67754bcbd04b94bcd.jpg
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ба сокинони Тоҷикистон риояи техникаи бехатарӣ ҳангоми сар задани заминларза меомӯзонанд.Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар дод.Ҳамин тариқ, омӯзиши аҳолии Тоҷикистон аз 25 сентябр то 6 октябри соли равон сурат мегирад.КҲФ изҳор дошт, ки ин гуна чорабинӣ шаҳрвандонро аз оқибатҳои заминларзаи эҳтимолӣ, ки дар ҳар лаҳза рух дода метавонад, муҳофизат мекунад. Ин ниҳод ба сокинони Душанбе дар бораи чораҳои бехатарӣ аз заминларза нақл мекунад Ба таъкиди Кумита, мардуми Тоҷикистон бояд ҳамеша ба ин навъи ҳаводиси табиӣ омода бошанд. Мушаххас шудааст, ки дарсҳои бехатарӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки 13 октябр таҷлил мешавад, баргузор мешавад.Ёдовар мешавем, дар Тоҷикистон бори охир заминҷунбии шадид ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро такон дод, ки дар натиҷа даҳҳо манзили зист ва иншоотҳои дигари маишӣ хароб гардиданд.Аз ҳама беш оғилхонаи мардум хароб шуд ва чорвои зиёд талаф ёфт. Бо супориши роҳбари давлат, ниҳодҳои марбута дар кутоҳтарин фурсат барои сокинони зарардида манзилҳои нав бунёд намуда, бо тамоми шароити рӯзгор онҳоро таъмин карданд.
https://sputnik.tj/20230717/dastur-bobozoda-anjom-sokhtmon-khona-zilzila-mastchoh-1058301507.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103154/48/1031544860_247:0:3895:2736_1920x0_80_0_0_57ec76427d55e1ba51eff63e86ac4694.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон заминҷунбӣ кҳф
тоҷикистон заминҷунбӣ кҳф
Тоҷикистониёнро ба заминҷунбиҳои эҳтимолӣ омода мекунанд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, роҳандозии чунин омӯзишҳо имкон медиҳад, ки аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулода ва техногенӣ муҳофизат карда шавад
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ба сокинони Тоҷикистон риояи техникаи бехатарӣ ҳангоми сар задани заминларза меомӯзонанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар дод.
Ҳамин тариқ, омӯзиши аҳолии Тоҷикистон аз 25 сентябр то 6 октябри соли равон сурат мегирад.
КҲФ изҳор дошт, ки ин гуна чорабинӣ шаҳрвандонро аз оқибатҳои заминларзаи эҳтимолӣ, ки дар ҳар лаҳза рух дода метавонад, муҳофизат мекунад.
Ин ниҳод ба сокинони Душанбе дар бораи чораҳои бехатарӣ аз заминларза нақл мекунад
Ба таъкиди Кумита, мардуми Тоҷикистон бояд ҳамеша ба ин навъи ҳаводиси табиӣ омода бошанд. Мушаххас шудааст, ки дарсҳои бехатарӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки 13 октябр таҷлил мешавад, баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, дар Тоҷикистон бори охир заминҷунбии шадид ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро такон дод, ки дар натиҷа даҳҳо манзили зист ва иншоотҳои дигари маишӣ хароб гардиданд.
Аз ҳама беш оғилхонаи мардум хароб шуд ва чорвои зиёд талаф ёфт. Бо супориши роҳбари давлат, ниҳодҳои марбута дар кутоҳтарин фурсат барои сокинони зарардида манзилҳои нав бунёд намуда, бо тамоми шароити рӯзгор онҳоро таъмин карданд.