Бо пули муҳоҷирони тоҷик дар ноҳияи Носири Хусрав кӯпруки мошингузар сохтанд

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкПривлечение иностранной рабочей силы
Привлечение иностранной рабочей силы  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2023
Обуна шудан
Ин бори аввал нест, ки бо ташаббуси муҳоҷирони тоҷике, ки дар Русия кор карда рӯзӣ пайдо мекунанд, роҳу пул ва иншоотҳои гуногун бунёд мегарданд
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Носиру Хусрав сохтмони як пули 16 метра дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Мақомоти маҳаллӣ хабар доданд, ки пули мошингузар бо маблағгузории муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия корм мекунанд, бунёд шудааст.
Гуфта мешавад, барои сохтмони пули мошингузар 80 ҳазор сомонӣ масраф шуд ва ҳамаи ин маблағро муҳоҷирон аз Русия ирсол карданд.
Дар назар аст, рӯзҳои наздик пули мазкур мавриди истифодаи сокинон қарор гирад.
Бо ташаббус ва кумаки муҳоҷирони корӣ ҳамчунин се километр роҳи деҳаи ин ноҳия мумфарш хоҳад шуд.
Шоҳроҳи миёни Спитамен – Конибодом дар масофаи беш аз 50 километр таҷдид ва навсозӣ мешавад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2023
Барои ҳар км беш аз 1 млн доллар: Оғози сохтмони роҳи 50-километрӣ дар Суғд - видео
Ин бори аввал нест, ки бо кумаки муҳоҷирон дар Тоҷикистон роҳу пул ва иншооти гуногун бунёд мешавад.
Қаблан, дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон низ муҳоҷирон дар ободии деҳа ва навоҳии худ саҳмгузорӣ намуда, барои бунёди иншоотҳои гуногуни маишӣ маблағ ирсол мекарданд.
Аз ҷумла дар водии Яғноб пули саввум аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ва муҳоҷирони ин минтақа, ки дар хориҷи кишвар кор мекунанд, сохта шуда истодааст.
Лентаи хабарҳо
0