Ҳавои моҳи октябр дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад шуд

© Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе, архивное фото
Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2023
Обуна шудан
Ҳавосанҷони тоҷик пешгӯӣ намудаанд, ки дар Тоҷикистон ҳаво дар моҳи октябр дар даҳаи аввал аз меъёр баланд, вале дар даҳаи дуюм рӯ ба пастшавӣ мениҳад
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Моҳи октябр дар Тоҷикистон ба мисли моҳи сентябри соли 2022 хоҳад буд, пешгӯӣ мекунанд обуҳавосанҷони тоҷик.
Ба маълумоти онҳо, дамои ҳаво дар даҳаи аввали моҳ аз меъёр баланд б ва хушк хоҳад шуд. Дар даҳаи дуюм бошад ҳарорати миёнаи ҳаво паст шуда, боришоти борон дар назар аст.
Гуфта мешавад, ҳавои вилояти Хатлон дар даҳаи аввал то 31 дараҷа гарм, аммо дар даҳаи дуюм ҳамагӣ 18 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Девушка поз зонтом в осеннем парке  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2023
Борон, раъду барқ ва сел: обуҳавошиносон аз якбора ноустуворшавии вазъи обу ҳаво мегуянд
Зимнан, дар вилояти Суғд ниҳ ҳамин тавр: дар даҳаи авввал то 28 дараҷа гарм, вале пасон ҳаво то 14 дараҷа гарм мешавад. Илва бар ин миқдори оришот низ дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр зиёд хоҳад шуд.
Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМВК ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ баланд пешгӯӣ мешавад. Дар нимаи аввали моҳ ҳаво то 23 дараҷа ва дар нимаи дуют рӯзона то 17 дараҷа ва шабона то 9 дараҷа гарм мешавад.
Ҳамзамон ба амал омадани бориши шиддатнокиашон гуногун дар нимаи дуюми моҳ аз эҳтимол дур нест. Миқдори моҳонаи бориш дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр зиёд дар назар дошта шудааст.
Дар шарқи ВМКБ агар дар даҳаи аввали моҳ рӯзона ҳаво то 11 дараҷа гарм шавад, дар даҳаи дуюм шабона то 14 дараҷа сард ва рӯзона ҳамагӣ 6 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Боришоти моҳона бошад дар ин қисмати ВМКБ камтар ба амал меояд.
Лентаи хабарҳо
0