https://sputnik.tj/20230929/toshkand-idm-masoili-muhojirat-mehnati-barrasi-1059686503.html
Дар Тошканд кишварҳои ИДМ масоили муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ карданд
Дар Тошканд кишварҳои ИДМ масоили муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар пойтахти Ӯзбекистон намояндагони кишварҳои узви ИДМ масоили муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро баррасӣ карданд
2023-09-29T17:59+0500
2023-09-29T17:59+0500
2023-09-29T17:59+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
тошканд
идм
ӯзбекистон
ҳимоя
ҳуқуқ
муҳоҷирони корӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/1d/1059686224_60:0:1020:540_1920x0_80_0_0_12d60d892601ba1e1303187601485b6f.jpg
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон 27-умин Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар додааст.Тибқи иттилои ин ниҳоди давлатӣ дар ин ҷаласа ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Нодирӣ Шаҳноза Анвар муаррифӣ кард.Тибқи иттилои манбаъ дар ин ҷаласа асосан масоили муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро баррасӣ намуда, дар бораи масъалаҳои иттилоотию фаҳмондадиҳии муҳоҷирони меҳнатӣ дар байни аҳолӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар бораи қонунгузории давлати қабулкунанда суханронӣ ва пешниҳодҳо намуданд.Дар ҳамин ҳол ба иттило хабаргузории “БЕЛТА” дар ин ҷаласа аъзои Шӯро дар маҷмӯъ 14 масъала баррасӣ шуд.Аз ҷумла дар ин ҷаласа вазъи муҳоҷират дар кишварҳои ИДМ, тағйирот дар қонунгузории миллӣ дар соҳаи муҳоҷират ва амалияи татбиқи ҳуқуқии мақомоти муҳоҷирати кишварҳои иттиҳод, таҷрибаи кори мақомоти салоҳиятдор дар гузаронидани чорабиниҳои муштараки пешгирикунанда, амалиёти махсус барои пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ баррасӣ шуд.Ҳамчунин аъзои Шӯро равишҳои давлатҳои иттиҳодро дар самти фаъолияти муассисаҳои вижа ба монанди боздоштгоҳҳои муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд баррасӣ намуда, таҳияи лоиҳаи консепсияи фазои ягонаи муҳоҷират дар қаламрави ИДМ-ро баррасӣ карданд.
https://sputnik.tj/20230713/namoyandagi-markazi-muhojirat-khatlon-1058254046.html
тошканд
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/1d/1059686224_180:0:900:540_1920x0_80_0_0_c00f080a459dbbb77a4ee4fd1fce7ea1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
идм, тоҷикистон, масоил, муҳоҷират, тошканд, ӯзбекистон, манфиат, ҳимояи ҳуқуқ
идм, тоҷикистон, масоил, муҳоҷират, тошканд, ӯзбекистон, манфиат, ҳимояи ҳуқуқ
Дар Тошканд кишварҳои ИДМ масоили муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ карданд
Дар пойтахти Ӯзбекистон намояндагони кишварҳои узви ИДМ масоили муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон 27-умин Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳоди давлатӣ дар ин ҷаласа ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Нодирӣ Шаҳноза Анвар муаррифӣ кард.
Тибқи иттилои манбаъ дар ин ҷаласа асосан масоили муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро баррасӣ намуда, дар бораи масъалаҳои иттилоотию фаҳмондадиҳии муҳоҷирони меҳнатӣ дар байни аҳолӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар бораи қонунгузории давлати қабулкунанда суханронӣ ва пешниҳодҳо намуданд.
Дар ҳамин ҳол ба иттило хабаргузории “БЕЛТА” дар ин ҷаласа аъзои Шӯро дар маҷмӯъ 14 масъала баррасӣ шуд.
Аз ҷумла дар ин ҷаласа вазъи муҳоҷират дар кишварҳои ИДМ, тағйирот дар қонунгузории миллӣ дар соҳаи муҳоҷират ва амалияи татбиқи ҳуқуқии мақомоти муҳоҷирати кишварҳои иттиҳод, таҷрибаи кори мақомоти салоҳиятдор дар гузаронидани чорабиниҳои муштараки пешгирикунанда, амалиёти махсус барои пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ баррасӣ шуд.
Ҳамчунин аъзои Шӯро равишҳои давлатҳои иттиҳодро дар самти фаъолияти муассисаҳои вижа ба монанди боздоштгоҳҳои муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд баррасӣ намуда, таҳияи лоиҳаи консепсияи фазои ягонаи муҳоҷират дар қаламрави ИДМ-ро баррасӣ карданд.