https://sputnik.tj/20230929/rahmon-tojikiston-kon-sarvatho-qimatbaho-mavjud-1059674897.html
Раҳмон ба сармоягузорон: Дар Тоҷикистон беш аз 600 кони сарватҳои қиматбаҳо мавҷуд аст
Раҳмон ба сармоягузорон: Дар Тоҷикистон беш аз 600 кони сарватҳои қиматбаҳо мавҷуд аст
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон таваҷҷуҳи меҳмонони чорабинӣ ба имконоти минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои соҳибкорони хориҷӣ ва дастгирии ҳукумат ҷалб намуд
2023-09-29T11:03+0500
2023-09-29T11:03+0500
2023-09-29T11:03+0500
эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
канданиҳои фоиданок
сармоягузорӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/06/1057577517_0:121:3076:1851_1920x0_80_0_0_e9640d60e712faf279f30ebd6626e35c.jpg
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 600 кони сарватҳои қиматбаҳо мавҷуданд, ки таваҷҷӯҳи сармоягузоронро доранд. Дар ин бора раисиҷумҳури ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёмаш дар ҳамоиши "Душанбе Инвест 2023" изҳор дошт. Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи меҳмонони чорабинӣ ба имконоти минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои соҳибкорони хориҷӣ ҷалб намуд. Илова бар ин, ӯ дар бораи имкониятҳои кишвар барои рушди соҳибкорӣ, ки ба истифодаи технологияҳои "сабз" нигаронида шудааст: истеҳсол ё васлкунии мошинҳои барқӣ дар асоси зерсохторҳои корхонаҳои Тоҷикистон сухан гуфт. Ёдовар мешавем, ки аз 29 то 30 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон ҳамойиши байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест - 2023” ҷараён дорад. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ ва маъмурияти шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ҷараёни ҳамоиш ширкаткунандагон метавонанд бо иқтидор ва фазои сармоягузории Тоҷикистон ошно шаванд ва дар бахшҳои мухталиф як қатор созишномаҳо ба имзо расонанд.
https://sputnik.tj/20230925/dushanbe-forum-buzurg-baynalmilali-sarmoyaguzori-doir-1059570569.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/06/1057577517_345:0:3076:2048_1920x0_80_0_0_d63fb45d8ce92186e68c31b7711ec6f5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон тоҷикистон кон сарватҳо қиматбаҳо
раҳмон тоҷикистон кон сарватҳо қиматбаҳо
Раҳмон ба сармоягузорон: Дар Тоҷикистон беш аз 600 кони сарватҳои қиматбаҳо мавҷуд аст
Президенти Тоҷикистон таваҷҷуҳи меҳмонони чорабинӣ ба имконоти минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои соҳибкорони хориҷӣ ва дастгирии ҳукумат ҷалб намуд
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 600 кони сарватҳои қиматбаҳо мавҷуданд, ки таваҷҷӯҳи сармоягузоронро доранд.
Дар ин бора раисиҷумҳури ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёмаш дар ҳамоиши "Душанбе Инвест 2023" изҳор дошт.
"Ҳукумати Тоҷикистон омода аст пешниҳодҳои сармоягузоронро ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд баррасӣ ва дастгирӣ намояд", - изҳор дошт роҳбари ҷумҳурӣ.
Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи меҳмонони чорабинӣ ба имконоти минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои соҳибкорони хориҷӣ ҷалб намуд.
Илова бар ин, ӯ дар бораи имкониятҳои кишвар барои рушди соҳибкорӣ, ки ба истифодаи технологияҳои "сабз" нигаронида шудааст: истеҳсол ё васлкунии мошинҳои барқӣ дар асоси зерсохторҳои корхонаҳои Тоҷикистон сухан гуфт.
Ёдовар мешавем, ки аз 29 то 30 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон ҳамойиши байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест - 2023” ҷараён дорад.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ ва маъмурияти шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар ҷараёни ҳамоиш ширкаткунандагон метавонанд бо иқтидор ва фазои сармоягузории Тоҷикистон ошно шаванд ва дар бахшҳои мухталиф як қатор созишномаҳо ба имзо расонанд.