https://sputnik.tj/20230925/dushanbe-forum-buzurg-baynalmilali-sarmoyaguzori-doir-1059570569.html
Душанбе барои ҷалби сармояи бештар форуми бузурги байналмилалӣ доир мекунад
Душанбе барои ҷалби сармояи бештар форуми бузурги байналмилалӣ доир мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Қарор аст, ки ҷумҳурӣ дар ин нишасти муҳим, имконони ҷолиби сармоягузории худро дар самтҳои гуногун барои ҷалби маблағгузориҳо муаррифӣ намояд
2023-09-25T10:46+0500
2023-09-25T10:46+0500
2023-09-25T10:57+0500
дар тоҷикистон
сармоягузорӣ
бизнес форум
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/13/1054333894_0:256:3112:2007_1920x0_80_0_0_0f428119689a92e287e4c7a0c9cd065f.jpg
ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон Форуми байналмилалии сармоягузории "Душанбе-инвест 2023" баргузор мешавад.Ба гузориши Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ ин чорабинии бузург қарор аст рӯзҳои 29-30 сентябр доир шавад.Гуфта мешавад, ки дар он намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, вазорату кумита ва дигар сохторҳои марбути мамлакат иштирок менамоянд.Маросими ифтитоҳи Форуми байналмилалии сармоягузории "Душанбе-инвест 2023" дар Кохи Истиқлол доир гардида, кори он дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои панелӣ идома меёбад. Дар форум, аз ҷумла мавзуҳои "Имконоти сармоягузории шаҳри Душанбе", "Тоҷикистон- мамлакати энергияи "сабз", иштироки бахши хусусӣ дар рушди энергетика", "Рушди иқтисодиёти "сабз", рақамикунонӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Точикистон" имконоти сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ, тандурустӣ, логистика мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.Ҳамзамон дар доираи ин форум меҳмонон аз корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Душанбе, Норак ва Турсунзода дидан карда, ба фаъолияти онҳо аз наздик шинос мешаванд.Ҳадафи форумро Кумита муаррифии бештари шароит ва имконоти фазои мусоиди сармоягузории Тоҷикистон, ҷалби сармоя, ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкорӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ арзёбӣ кардааст.
https://sputnik.tj/20230905/ishtiroki-15-shirkati-buzurgi-qazoqiston-dar-biznes-forumi-dushanbe-1059220402.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/13/1054333894_76:0:2807:2048_1920x0_80_0_0_f018bba9da2dbfe42b6075d7493b4ee2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе ҷалби сармоя форуми байналмилалӣ
душанбе ҷалби сармоя форуми байналмилалӣ
Душанбе барои ҷалби сармояи бештар форуми бузурги байналмилалӣ доир мекунад
10:46 25.09.2023 (Навсозишуда: 10:57 25.09.2023) Қарор аст, ки ҷумҳурӣ дар ин нишасти муҳим, имконони ҷолиби сармоягузории худро дар самтҳои гуногун барои ҷалби маблағгузориҳо муаррифӣ намояд
ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон Форуми байналмилалии сармоягузории "Душанбе-инвест 2023" баргузор мешавад.
Ба гузориши Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ ин чорабинии бузург қарор аст рӯзҳои 29-30 сентябр доир шавад.
Гуфта мешавад, ки дар он намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, вазорату кумита ва дигар сохторҳои марбути мамлакат иштирок менамоянд.
Маросими ифтитоҳи Форуми байналмилалии сармоягузории "Душанбе-инвест 2023" дар Кохи Истиқлол доир гардида, кори он дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои панелӣ идома меёбад.
Дар форум, аз ҷумла мавзуҳои "Имконоти сармоягузории шаҳри Душанбе", "Тоҷикистон- мамлакати энергияи "сабз", иштироки бахши хусусӣ дар рушди энергетика", "Рушди иқтисодиёти "сабз", рақамикунонӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Точикистон" имконоти сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ, тандурустӣ, логистика мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Ҳамзамон дар доираи ин форум меҳмонон аз корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Душанбе, Норак ва Турсунзода дидан карда, ба фаъолияти онҳо аз наздик шинос мешаванд.
Ҳадафи форумро Кумита муаррифии бештари шароит ва имконоти фазои мусоиди сармоягузории Тоҷикистон, ҷалби сармоя, ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкорӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ арзёбӣ кардааст.