Ҷудокорони ҷавони тоҷик ба мусобиқаи ҷаҳон ба Португалия мераванд

© Sputnik Дзюдо, архивное фото
Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2023
Обуна шудан
Федератсияи дзюдои Тоҷикистон аз 4 то 7 октябр дар шаҳри Одивеласи Португалия мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасони инфиродӣ-2023 баргузор мешавад.
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Ҷудокорони ҷавон аз Тоҷикистон ба Португалия мераванд. Дар ин бора Федератсияи ҷудои ҷумҳурӣ хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки паҳлавонони ҷавон дар World Championships Juniors Individuals 2023 ширкат меварзанд.
Ба ин тартиб, дастаи мунтахаби кишварро 9 варзишгар намояндагӣ мекунад: Фазлиддин Садриддинзода (-66 кг); Абубакр Шеров (-73 кг); Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг); Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (-81 кг); Сайфидин Сайфидинзода (-81 кг); Сомон Кишваров (-90 кг); Умедҷон Раҷабов (-90 кг); Парвиз Абдураҳмонов (-100 кг); Иброҳимҷон Элмуродов (+100 кг).
Мусобиқаи мазкур қарор аст, ки аз 4 то 7 октябр дар шаҳри Одивеласи Португалия баргузор гардад.
Дзюдоист Темур Рахимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2023
Раҳимов нишони нуқра гирифт: Медали сеюм ба сандуқи варзишии Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё
Дар мусобиқа тақрибан ҳудуди 582 варзишгар аз 75 кишвар ширкат хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки ахиран ҷудокорони кишвар дар Бозиҳои Осиёи Ҳанжоу дар Чин ширкат карданд.
Дар ин мусобиқа аз ҷудокорони кишвар Сомон Маҳмадбеков нишони тило, Темур Раҳимов медали нуқра ва биринҷиро Беҳрӯзи Хоҷазода ба даст оварданд.
Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ба гирифтани 3 медал ва 2 зинаи 5-ум ва 1 зинаи 7-умро касб намуданд.
Лентаи хабарҳо
0