Дар Душанбе Маркази омӯзиши робототехника таъсис мешавад

© Depositphotos.com \ SdecoretКонцепция искусственного интеллекта
Концепция искусственного интеллекта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2023
Обуна шудан
Инчунин дар назар аст, ки табодули омӯзгорон ва донишҷӯён барои анҷом додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ зиёд карда шавад
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Дар бинои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази омӯзиши робототехника пайдо мешавад.
Дар ин бора ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода хабар дод.
Ғайр аз ин, дар донишгоҳ лабораторияҳои бо таҷҳизоти ҳозиразамон ҷиҳозонидашуда хоҳанд шуд.
Ба гуфтаи ректори ДМТ, муассисаи таълимӣ ҳамчунин таҳияи ихтисосҳои нави зарурӣ барои рушди Тоҷикистон дар ҷаҳони муосирро ба нақша гирифтааст.
"Барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти воҳидҳои сохтории факултет, аз қабили роҳбарӣ ба иттифоқҳои ҷавонон, занон ва донишҷӯён, инчунин раёсат ва деканати факултетҳои дахлдор чораҳо андешидан зарур аст", - гуфт дафтари матбуоти ДМТ гуфт.
Связка ключей от квартир многоэтажного жилого дома, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2023
Устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби хона шуданд
Инчунин дар назар аст, ки табодули омӯзгорону донишҷӯён барои анҷом додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ зиёд карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон озмоишгоҳи илмӣ ба истифода дода шуд.
Бояд гуфт, ки лаборатория барои омухтани механизмхои мутобиқшавии системаҳои зинда пешбинӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0