https://sputnik.tj/20230927/tojikiston-ba-zimiston-omoda-ast-1059628139.html
Тоҷикистон ба зимистон омода аст?
Тоҷикистон ба зимистон омода аст?
Sputnik Тоҷикистон
Бо наздик омадани фасли сармо раисҷумҳури Тоҷикистон ҷаласаи машваратӣ баргузор карда, омодагии соҳаҳои иқтисоди кишварро ба зимистон баррасӣ намуд
2023-09-27T21:10+0500
2023-09-27T21:10+0500
2023-09-27T21:10+0500
машварат
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
иқтисод
зимистон
кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103091/44/1030914408_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_e3b81c3a19992f8d4b3a64d41f900152.jpg
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки муассисаҳо ва инфрасохтор ба зимистон омода карда шаванд. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки ин масъала мавзуи меҳварии ҷаласаи машваратии баргузорнамудаи Эмомалӣ Раҳмон буд. Дар ҷаласа, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ, сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент Озода Раҳмон ва роҳбарони сохторҳои низомию ҳифзи ҳуқуқ иштирок доштаанд. Ҷамъоварии саривақтии ҳосил, омодагӣ ба зимистони дарпешистода, аз ҷумла ба фасли сармо омода намудани муассисаҳои иҷтимоӣ, аҳолӣ, инфрасохтори роҳу нақлиёт ва захираи маводи ғизоӣ аз ҷумлаи масъалаҳои асосии машварати корӣ буданд, афзуд дафтари матбуоти президент.Ҷамъоварии ҳосил ва омодагӣ ба мавсими сармо инчунин ахиран аз мавзуъҳои меҳварии суҳбатҳои телефонии президенти Тоҷикистон бо аъзои ҳукумат ва раисони шаҳру навоҳӣ буд. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, гуфт Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо роҳбарон масъалаи дар ҳар як оила захира намудани маводи озуқа ва тухмии аълосифати зироатҳои кишоварзиро барои соли оянда махсус таъкид намудаст.
https://sputnik.tj/20230926/rahmon-raison-oila-ghizo-zakhira-1059613843.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103091/44/1030914408_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_b817fcbfbaf4ebad20a390f2d611bddc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, хостор, омодагӣ, зимистон, машварат
эмомалӣ раҳмон, хостор, омодагӣ, зимистон, машварат
Тоҷикистон ба зимистон омода аст?
Бо наздик омадани фасли сармо раисҷумҳури Тоҷикистон ҷаласаи машваратӣ баргузор карда, омодагии соҳаҳои иқтисоди кишварро ба зимистон баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки муассисаҳо ва инфрасохтор ба зимистон омода карда шаванд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки ин масъала мавзуи меҳварии ҷаласаи машваратии баргузорнамудаи Эмомалӣ Раҳмон буд.
Дар ҷаласа, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ, сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент Озода Раҳмон ва роҳбарони сохторҳои низомию ҳифзи ҳуқуқ иштирок доштаанд.
Ҷамъоварии саривақтии ҳосил, омодагӣ ба зимистони дарпешистода, аз ҷумла ба фасли сармо омода намудани муассисаҳои иҷтимоӣ, аҳолӣ, инфрасохтори роҳу нақлиёт ва захираи маводи ғизоӣ аз ҷумлаи масъалаҳои асосии машварати корӣ буданд, афзуд дафтари матбуоти президент.
Ҷамъоварии ҳосил ва омодагӣ ба мавсими сармо инчунин ахиран аз мавзуъҳои меҳварии суҳбатҳои телефонии президенти Тоҷикистон бо аъзои ҳукумат ва раисони шаҳру навоҳӣ буд.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, гуфт Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо роҳбарон масъалаи дар ҳар як оила захира намудани маводи озуқа ва тухмии аълосифати зироатҳои кишоварзиро барои соли оянда махсус таъкид намудаст.