https://sputnik.tj/20230927/shikast-usmonov-piruzii-haqnazarova-bozi-osiyo-1059640085.html
Шикасти Усмонов ва пирӯзии Ҳақназарова дар Бозиҳои Осиё
Шикасти Усмонов ва пирӯзии Ҳақназарова дар Бозиҳои Осиё
Sputnik Тоҷикистон
Яке аз номзадҳои асосии тими мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи бокс, ки мухлисон аз нишони Бозиҳои Осиёро интизор доштанд, ғайричашмдошт дучори шикаст шуд
2023-09-27T19:58+0500
2023-09-27T19:58+0500
2023-09-27T19:58+0500
дар тоҷикистон
муштзан
навигариҳои варзиши тоҷикистон
шикаст
пирӯзӣ
баҳодур усмонов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/07/1050550653_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_a0fd3d7cf9a976694075ae68dd60af67.jpg
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Муштзани тоҷик, Баҳодур Усмонов, ки дар вазни то 63,5 кило дар 19-умин Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу зӯрозмоӣ мекард, дучори шикаст шуд. Ба иттилоио Федератсияи бокси Тоҷикистон, Усмонов дар даври ҳаштякниҳоӣ бо ҳарифи қазоқаш, Йертуган Зейнуллинов вориди майдон шуда, нерӯсанҷиро бо ҳисоби 2:3 бохт. Усмонов барандаи нишони биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи бокс буда, яке аз умедҳои Тоҷикистон барои нишон дар 19-умин Бозиҳои Осиё ба шумор мерафт. Шикасти Усмонов дар ҳолест, ки бонуи муштзани тоҷик, Руҳафзо Ҳақназарова вазни то 50 кило муштзани идонезӣ, Новита Синадиаро бо ҳисоби 4:1 шикаст дода, ба даври ҳаштякниҳоӣ расид. Қаблан Асрор Воҳидов, ки дар вазни то 57 кило қувваозмоӣ мекунад, бар Сулия Хамми аз Лаос дар даври аввал пирӯз гардида, 30 сентябр бо Салим Ҳусайн аз Бангладеш зӯр меозмояд.Ҳамчунин муштзани дигари Тоҷикистон, Муҳаммад Аброриддинов дар вазни беш аз 92 кило дар даври аввал пирӯз гардида, 30 сентябр бо қаҳрамони олимпӣ аз Ӯзбекистон, Баҳодур Ҷалолов вориди майдон мегардад. Қаблан дар Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу, Меҳрон Шафиев (51 кг), Довуд Маҳкамов ( 71 кг) , Бибинишастамо Холова (60 кг) ва Нигора Олимова (54 кг) дучори шикаст шуданд.
https://sputnik.tj/20230927/piruzi-mushtzan-tojik-marhila-boziho-osiyo-1059618528.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/07/1050550653_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_add007a653974a74eee69cee10ebcb61.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
усмонов баҳодур, шикаст, пирӯзӣ, бозиҳои осиё, ғайричашмдошт
усмонов баҳодур, шикаст, пирӯзӣ, бозиҳои осиё, ғайричашмдошт
Шикасти Усмонов ва пирӯзии Ҳақназарова дар Бозиҳои Осиё
Яке аз номзадҳои асосии тими мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи бокс, ки мухлисон аз нишони Бозиҳои Осиёро интизор доштанд, ғайричашмдошт дучори шикаст шуд
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Муштзани тоҷик, Баҳодур Усмонов, ки дар вазни то 63,5 кило дар 19-умин Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу зӯрозмоӣ мекард, дучори шикаст шуд.
Ба иттилоио Федератсияи бокси Тоҷикистон, Усмонов дар даври ҳаштякниҳоӣ бо ҳарифи қазоқаш, Йертуган Зейнуллинов вориди майдон шуда, нерӯсанҷиро бо ҳисоби 2:3 бохт.
Усмонов барандаи нишони биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи бокс буда, яке аз умедҳои Тоҷикистон барои нишон дар 19-умин Бозиҳои Осиё ба шумор мерафт.
Шикасти Усмонов дар ҳолест, ки бонуи муштзани тоҷик, Руҳафзо Ҳақназарова вазни то 50 кило муштзани идонезӣ, Новита Синадиаро бо ҳисоби 4:1 шикаст дода, ба даври ҳаштякниҳоӣ расид.
Қаблан Асрор Воҳидов, ки дар вазни то 57 кило қувваозмоӣ мекунад, бар Сулия Хамми аз Лаос дар даври аввал пирӯз гардида, 30 сентябр бо Салим Ҳусайн аз Бангладеш зӯр меозмояд.
Ҳамчунин муштзани дигари Тоҷикистон, Муҳаммад Аброриддинов дар вазни беш аз 92 кило дар даври аввал пирӯз гардида, 30 сентябр бо қаҳрамони олимпӣ аз Ӯзбекистон, Баҳодур Ҷалолов вориди майдон мегардад.
Қаблан дар Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу, Меҳрон Шафиев (51 кг), Довуд Маҳкамов ( 71 кг) , Бибинишастамо Холова (60 кг) ва Нигора Олимова (54 кг) дучори шикаст шуданд.