https://sputnik.tj/20230927/piruzi-mushtzan-tojik-marhila-boziho-osiyo-1059618528.html
Пирӯзии муштзанҳои тоҷик дар марҳилаи аввали Бозиҳои Осиё
Пирӯзии муштзанҳои тоҷик дар марҳилаи аввали Бозиҳои Осиё
Sputnik Тоҷикистон
Ду муштзани тоҷикистонӣ ҳунарнамоияшонро даро 19-умин Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу бо пирӯзӣ оғоз намуда, мубориза барои нишону ҷойҳои ифтихориро идома медиҳанд 27.09.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-09-27T09:02+0500
2023-09-27T09:02+0500
2023-09-27T12:02+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
мусобиқа
муштзан
ғалаба
осиё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/06/1032402998_0:0:800:451_1920x0_80_0_0_2773ff6e89ec1ce5310a9d4ca00c1e0f.jpg
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Муштзанҳои тоҷикистонӣ, Асрор Воҳидов ва Муҳаммад Аброриддинов ҳунарнамоияшонро дар 19-умин Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу бо пирӯзӣ оғоз карданд. Дар ин бора Федератсияи бокси Тоҷикистон иттилоъ дод.Ба иттилои манбаъ, Асрор Воҳидов, ки дар вазни то 57 кило қувваозмоӣ мекунад, бар Сулия Хамми аз Лаос дар даври аввал пирӯз гардид. Дар даври минбаъда Воҳидов бо Салим Ҳусайн аз Бангладеш зӯр меозмояд. Майдондории муштзани тоҷик бо рақиби бангладешияш рӯзи 30 -юми сентябри соли равон дар назар аст. Ҳамчунин муштзани дигари Тоҷикистон, Муҳаммад Аброриддинов дар вазни беш аз 92 кило дар даври аввал пирӯз гардид. Аброриддинов дар марҳилаи навбатӣ - рӯзи 30-юми сентябр бо муштзани ӯзбекистонӣ, Баҳодур Ҷалолов вориди майдон хоҳад шуд. Ҷалолов аз муштзанҳои шинохта мебошад, ки увони қаҳрамони олимпиро дорад. Маврид ба зикр аст, ки дар 19-умин Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу, Тоҷикистонро тими муштзанҳои марду зан намояндагӣ мекунанд. Аз ҷумла Мехрон Шафиев (51 кг), Баҳодур Усмонов (63,5 кг), Довуд Маҳкамов (71 кг), Шаббос Неъматуллоев (80 кг), Давлат Болтаев (92 кг) ва аз миёни бонувон Руҳафзо Ҳақназарова (50 кг), Нигора Олимова (54 кг), Мижгона Самадова (57 кг), Бибинашастамо Холова (60 кг), Шоира Зулқайнарова (66 кг) ва Меҳриноси Музафарзода (75 кг) зӯр меозмоянд. Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу бояд соли 2022 баргузор мешуданд, аммо ба далели паёмадҳои пандемия онро як сол то 2023 ба таъхир гузошта буданд.
https://sputnik.tj/20230926/istefoi-asliddin-habibulloev-sarmurabbi-dasta-khatlon-1059613536.html
осиё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/06/1032402998_0:0:712:533_1920x0_80_0_0_d0106275f35b43c95451b154294e5a04.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, мусобиқа, муштзан, ғалаба, осиё
дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, мусобиқа, муштзан, ғалаба, осиё
Пирӯзии муштзанҳои тоҷик дар марҳилаи аввали Бозиҳои Осиё
09:02 27.09.2023 (Навсозишуда: 12:02 27.09.2023) Ду муштзани тоҷикистонӣ ҳунарнамоияшонро даро 19-умин Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу бо пирӯзӣ оғоз намуда, мубориза барои нишону ҷойҳои ифтихориро идома медиҳанд
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Муштзанҳои тоҷикистонӣ, Асрор Воҳидов ва Муҳаммад Аброриддинов ҳунарнамоияшонро дар 19-умин Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу бо пирӯзӣ оғоз карданд.
Дар ин бора Федератсияи бокси Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, Асрор Воҳидов, ки дар вазни то 57 кило қувваозмоӣ мекунад, бар Сулия Хамми аз Лаос дар даври аввал пирӯз гардид. Дар даври минбаъда Воҳидов бо Салим Ҳусайн аз Бангладеш зӯр меозмояд.
Майдондории муштзани тоҷик бо рақиби бангладешияш рӯзи 30 -юми сентябри соли равон дар назар аст.
Ҳамчунин муштзани дигари Тоҷикистон, Муҳаммад Аброриддинов дар вазни беш аз 92 кило дар даври аввал пирӯз гардид.
Аброриддинов дар марҳилаи навбатӣ - рӯзи 30-юми сентябр бо муштзани ӯзбекистонӣ, Баҳодур Ҷалолов вориди майдон хоҳад шуд. Ҷалолов аз муштзанҳои шинохта мебошад, ки увони қаҳрамони олимпиро дорад.
Маврид ба зикр аст, ки дар 19-умин Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу, Тоҷикистонро тими муштзанҳои марду зан намояндагӣ мекунанд.
Аз ҷумла Мехрон Шафиев (51 кг), Баҳодур Усмонов (63,5 кг), Довуд Маҳкамов (71 кг), Шаббос Неъматуллоев (80 кг), Давлат Болтаев (92 кг) ва аз миёни бонувон Руҳафзо Ҳақназарова (50 кг), Нигора Олимова (54 кг), Мижгона Самадова (57 кг), Бибинашастамо Холова (60 кг), Шоира Зулқайнарова (66 кг) ва Меҳриноси Музафарзода (75 кг) зӯр меозмоянд.
Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу бояд соли 2022 баргузор мешуданд, аммо ба далели паёмадҳои пандемия онро як сол то 2023 ба таъхир гузошта буданд.