https://sputnik.tj/20230926/istefoi-asliddin-habibulloev-sarmurabbi-dasta-khatlon-1059613536.html
Истеъфои Аслиддин Ҳабибуллоев аз мақоми сармураббии дастаи "Хатлон"
Истеъфои Аслиддин Ҳабибуллоев аз мақоми сармураббии дастаи "Хатлон"
Sputnik Тоҷикистон
Аслиддин Ҳабибуллоев, мураббии шоистаи Тоҷикистон, мутахассиси маъруфи футболи тоҷик ва сармураббии дастаи "Хатлон"-и шаҳри Бохтар аз вазифааш истеъфо дод
2023-09-26T19:59+0500
2023-09-26T19:59+0500
2023-09-26T19:59+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
истеъфо
сармураббӣ
даста
хатлон
бохтар
футбол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/1a/1059613370_0:23:1080:631_1920x0_80_0_0_1d1be41cb2bacafa36ac7b7dabaf5f57.jpg
ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Аслиддин Ҳабибуллоев, сармураббиидастаи"Хатлон" пас аз нокомиҳоипайдарҳамидаста дар мавсими имсолаи ЧемпионатиТоҷикистоназ мақоми сармурабигиидаста истеъфо дод.Дар ин бора дастаи "Хатлон"-и шаҳри Бохтар дар саҳифаи расмиаш хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, Аслиддин Ҳабибуллоев бо хоҳиши худаш аз кор рафтааст.Аслиддин Ҳабибуллоев аз соли 2020 то ба имрӯз дар вазифаи сармураббии дастаи "Хатлон" фаъолият мекард.Ба иттилои дафтари матбуоти дастаи "Хатлон" баъд аз истеъфо Ҳабибуллоев иҷрокунандаи вазифаи сармураббии нави даста Меҳроб Заҳурбеков ва ёвари ӯ Камолҷон Ортиқов таъин гардид. Аслиддин Ҳабибуллоев бо дастаи футболи "Хатлон" соли 2020 ба финали Ҷоми Тоҷикистон баромад ва мақоми дуюмро касб намуд.Соли 2022 Ҷоми лигаи футболи Тоҷикистонро ба даст оварда, Чемпионатро дар зинаи чаҳорум ҷамъбаст намуд.Имсол дастаи "Хатлон" зери роҳбарии Аслиддин Ҳабибуллоев ба даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад, ки дар назар аст бозии нахустини хешро санаи 29-уми сентябр бо дастаи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб доир намояд.Аслиддин Ҳабибуллоев корномаи сармураббигиро аз соли 2009 оғоз намуда, ҳамон сол бо дастаи “Вахш”-и шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозири “Хатлон”-и шаҳри Бохтар) Чемпиони Тоҷикистон гардида, ба Ҷоми Президенти Конфедератсия Футболи Осиё роҳхат гирифта, то марҳилаи нимниҳоии мусобиқа рақобат намудаанд.Инчунин, Аслиддин Ҳабибуллоев қаблан дар дастаҳои “Хатлон”-и Бохтар (2011-2013), “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе (2014-2016) ва “Хатлон” (2017-2019) ба ҳайси мураббии калон кор кардааст.Аз соли 2012 то 2016 дар ҳайати тими мунтахаби миллии ҷавонон ва наврасони Тоҷикистон ба ҳайси мураббии дарвозабонон ифои вазифа намудааст.Мавриди зикр аст, ки Аслиддин Ҳабибуллоев дар давоми фаъолияти касбияш барандаи Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ бо дастаи “Вахш” дар соли 2009, соҳиби медалҳои биринҷии Чемпионати Тоҷикистон бо дастаи “Вахш” дар соли 2010 мебошад.Ҳамчунин, дар соли 2009 мураббии беҳтарини сол дониста шудааст.
https://sputnik.tj/20230918/prezident-istiqlol-shohi-futbol-tojikiston-1059447669.html
https://sputnik.tj/20230707/qudratmandi-muntakhab-bonuvon-tojikiston-futbol-fehrist-1058133316.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/1a/1059613370_0:0:1080:810_1920x0_80_0_0_70ab39c45f05bbbc24aa5591db44f2a2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, варзиш, истеъфо, сармураббӣ, даста, футбол, хатлон, бохтар, аслиддин ҳабибуллоев
тоҷикистон, варзиш, истеъфо, сармураббӣ, даста, футбол, хатлон, бохтар, аслиддин ҳабибуллоев
Истеъфои Аслиддин Ҳабибуллоев аз мақоми сармураббии дастаи "Хатлон"
Аслиддин Ҳабибуллоев, мураббии шоистаи Тоҷикистон, мутахассиси маъруфи футболи тоҷик ва сармураббии дастаи "Хатлон"-и шаҳри Бохтар аз вазифааш истеъфо дод
ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Аслиддин Ҳабибуллоев, сармураббиидастаи"Хатлон" пас аз нокомиҳоипайдарҳамидаста дар мавсими имсолаи ЧемпионатиТоҷикистоназ мақоми сармурабигиидаста истеъфо дод.
Дар ин бора дастаи "Хатлон"-и шаҳри Бохтар дар саҳифаи расмиаш хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Аслиддин Ҳабибуллоев бо хоҳиши худаш аз кор рафтааст.
Аслиддин Ҳабибуллоев аз соли 2020 то ба имрӯз дар вазифаи сармураббии дастаи "Хатлон" фаъолият мекард.
Ба иттилои дафтари матбуоти дастаи "Хатлон" баъд аз истеъфо Ҳабибуллоев иҷрокунандаи вазифаи сармураббии нави даста Меҳроб Заҳурбеков ва ёвари ӯ Камолҷон Ортиқов таъин гардид.
Аслиддин Ҳабибуллоев бо дастаи футболи "Хатлон" соли 2020 ба финали Ҷоми Тоҷикистон баромад ва мақоми дуюмро касб намуд.
Соли 2022 Ҷоми лигаи футболи Тоҷикистонро ба даст оварда, Чемпионатро дар зинаи чаҳорум ҷамъбаст намуд.
Имсол дастаи "Хатлон" зери роҳбарии Аслиддин Ҳабибуллоев ба даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад, ки дар назар аст бозии нахустини хешро санаи 29-уми сентябр бо дастаи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб доир намояд.
Аслиддин Ҳабибуллоев корномаи сармураббигиро аз соли 2009 оғоз намуда, ҳамон сол бо дастаи “Вахш”-и шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозири “Хатлон”-и шаҳри Бохтар) Чемпиони Тоҷикистон гардида, ба Ҷоми Президенти Конфедератсия Футболи Осиё роҳхат гирифта, то марҳилаи нимниҳоии мусобиқа рақобат намудаанд.
Инчунин, Аслиддин Ҳабибуллоев қаблан дар дастаҳои “Хатлон”-и Бохтар (2011-2013), “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе (2014-2016) ва “Хатлон” (2017-2019) ба ҳайси мураббии калон кор кардааст.
Аз соли 2012 то 2016 дар ҳайати тими мунтахаби миллии ҷавонон ва наврасони Тоҷикистон ба ҳайси мураббии дарвозабонон ифои вазифа намудааст.
Мавриди зикр аст, ки Аслиддин Ҳабибуллоев дар давоми фаъолияти касбияш барандаи Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ бо дастаи “Вахш” дар соли 2009, соҳиби медалҳои биринҷии Чемпионати Тоҷикистон бо дастаи “Вахш” дар соли 2010 мебошад.
Ҳамчунин, дар соли 2009 мураббии беҳтарини сол дониста шудааст.