https://sputnik.tj/20230927/hayat-vsei-sohibkoroni-ozarboyjon-dushanbe-1059620493.html
Ҳайати всеъи соҳибкорони Озарбойҷон ба Душанбе меояд
Ҳайати всеъи соҳибкорони Озарбойҷон ба Душанбе меояд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ин бора дар мулоқот бо сафири тозатаъйини Тоҷикистон дар Озарбойҷон раиси Агентии пешбурди содирот ва сармоягузории (AZPROMO) хабар додааст
2023-09-27T10:59+0500
2023-09-27T10:59+0500
2023-09-27T10:59+0500
дар тоҷикистон
озарбойҷон
форум
сармоягузорӣ
иштирок
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1c/1055806448_0:0:3641:2048_1920x0_80_0_0_d08d1c036887f6b5e043e1b5b0d3620d.jpg
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Ҳайати Озарбойҷон барои иштирок дар Форуми сармоягузорӣ, ки рӯзҳои 29-30 сентябри соли равон дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, ба шаҳри Душанбе меоянд.Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии пешбурди содирот ва сармоягузории (AZPROMO) хабар додааст.Ҷонибҳо ҳамчунин зимни дидор масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаи тиҷорату иқтисодро баррасӣ карданд.Илова бар ин, намояндаи агентӣ ва сафир дар бораи баргузории чорабиниҳои муштарак изҳори назар карданд.Илҳом Абдураҳмон аз имконоти бузурги равобити Тоҷикистону Озарбойҷон, бахусус дурнамои ҳамкориҳо дар бахшҳои нақлиёт, кишоварзӣ ва иртиботот ёдовар шуд.Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба имконоти ташкили форуми муштараки соҳибкорон дар Боку соли оянда табодули назар карданд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш профессори кафедраи иқтисод ва ҷуғрофиёи иқтисодии Донишкадаи кишварҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов Ренат Карамурзов гуфт, ки даъвати раҳбари Озарбойҷон ба форуми иқтисодӣ, талоши ӯ барои густариши ҳамкориҳо бо ҷумҳурӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.Коршинос афзуд, ки бар асоси натоиҷи нишасти Душанбе метавон хулоса кард, ки кишварҳо барои таҳким ва густариши равобити Тоҷикистону Озарбойҷон талош доранд.
https://sputnik.tj/20230926/dushanbe-tavseai-hamkori-tijorat-iqtisod-tojikiston-belorus-1059586817.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1c/1055806448_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_f9e706da95773b90098f60e95c7387e6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, озарбойҷон, форум, соҳибкорон, равобит, ҳамкорӣ, иштирок дар форум
тоҷикистон, душанбе, озарбойҷон, форум, соҳибкорон, равобит, ҳамкорӣ, иштирок дар форум
Ҳайати всеъи соҳибкорони Озарбойҷон ба Душанбе меояд
Дар ин бора дар мулоқот бо сафири тозатаъйини Тоҷикистон дар Озарбойҷон раиси Агентии пешбурди содирот ва сармоягузории (AZPROMO) хабар додааст
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Ҳайати Озарбойҷон барои иштирок дар Форуми сармоягузорӣ, ки рӯзҳои 29-30 сентябри соли равон дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, ба шаҳри Душанбе меоянд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии пешбурди содирот ва сармоягузории (AZPROMO) хабар додааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин зимни дидор масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаи тиҷорату иқтисодро баррасӣ карданд.
Илова бар ин, намояндаи агентӣ ва сафир дар бораи баргузории чорабиниҳои муштарак изҳори назар карданд.
Илҳом Абдураҳмон аз имконоти бузурги равобити Тоҷикистону Озарбойҷон, бахусус дурнамои ҳамкориҳо дар бахшҳои нақлиёт, кишоварзӣ ва иртиботот ёдовар шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба имконоти ташкили форуми муштараки соҳибкорон дар Боку соли оянда табодули назар карданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш профессори кафедраи иқтисод ва ҷуғрофиёи иқтисодии Донишкадаи кишварҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов Ренат Карамурзов гуфт, ки даъвати раҳбари Озарбойҷон ба форуми иқтисодӣ, талоши ӯ барои густариши ҳамкориҳо бо ҷумҳурӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Коршинос афзуд, ки бар асоси натоиҷи нишасти Душанбе метавон хулоса кард, ки кишварҳо барои таҳким ва густариши равобити Тоҷикистону Озарбойҷон талош доранд.