Посбон гуфт, чаро ва чӣ гуна Донишгоҳи Хуҷандро оташ зад

© Sputnik / Камар АхрорСӯхтор дар факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
Сӯхтор дар факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2023
Обуна шудан
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон навори эътирофи собиқ посбони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров дар мавриди оташзаниро нашр кард
ДУШАНБЕ, 26 сен – Sputnik. Собиқ посбони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд сабаби оташ задани бинои ин муассисаро қасос барои беасос рондан аз кор арзёбӣ кард.
Бар асоси навори нашркардаи мақомоти умури дохилии Суғд, собиқ посбон, сокини 56 - солаи шаҳри Хуҷанд гуфт, ӯро аз кор пеш карданд ва аз ин рӯ хост донишгоҳро оташ занад.
Зикр шуд, ки ин мард аз соли 2021 ба ин сӯ ҳамчун посбон дар донишгоҳ кор мекард, вале ахиран бинобар дар ҳолати мастӣ ба донишгоҳ омадан аз кор озод шуд. Худи посбон маст буданашро рад мекунад.
Паёмади сӯхтори Донишгоҳи Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2023
Сӯхтори донишгоҳи Хуҷанд ба таҳсил чӣ таъсир расонд?
Ӯ гуфт, хошоки хушкро ҷамъ намуда, бо истифода аз гӯгирд болопӯши бинои факултаи таърих ва ҳуқуқро оташ зад ва ҳамин тариқ 2 млн сомонӣ зарар расонд. Феълан нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Сӯхтор дар факултаҳои таъриху ҳуқуқ ва забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ки ҳамагӣ дар як бино воқеъ дар маҳаллаи Гулистони Хуҷанд ҷойгиранд шаби 20 сентябр рух дод.
Мақомоти тафтишотии Суғд бо гузошти як рӯз маълум карданд, ки ин ҳодиса амали барқасдона буда, аз сӯи посбони бино содир шудааст.
Бар пояи иттилоъи мақомот давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ 289 ҳодисаи сар задани сӯхтор дар шаҳру навоҳии Суғд ба қайд гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0